Ҳушдори Бонки миллӣ: файлҳои шубҳаноки «.apk»-ро насб накунед!
06 октября 2026
80
Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, файлҳои шубҳанок, ки дар формати «.apk» тавассути паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, боз накунанд.

Ба иттилои Бонки миллӣ, қаллобон ин гуна файлҳоро зери ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷат, расид, акс ё ҳатто даъватнома ба тӯй мефиристанд: «Насби онҳо метавонад боиси дастрасии ғайриқонунӣ ба телефони мобилӣ, SMS, замимаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ шуда, маблағҳои шаҳрвандонро зери хатар гузорад».
ТАВСИЯҲОИ БОНКИ МИЛЛӢ:
«Дар хотир доред: кормандони ташкилотҳои қарзӣ PIN-рамз, гузарвожа ва рамзҳои тасдиқкунандаро талаб намекунанд. Агар чунин файлро насб карда бошед ё гумон доред, ки маълумоти бонкиятон ба дигарон дастрас шудааст, ба ташкилоти қарзии хизматрасон муроҷиат кунед»,-таъкид мешавад дар баёнияи Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҳушдори Бонки миллӣ дар ҳолест ки қаблан, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам бо ирсоли паёмакҳо аз шаҳрвандон даъват карда буд, файлҳоеро, ки дар формати «.арк» тавассути паёмрасонҳои «Telegram» ва «WhatsApp» паҳн карда мешаванд, боз ва насб накунанд:
«Чунин файлҳо метавонад боиси дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти шахсӣ ва азонихудкунии маблағҳои бонкии Шумо гардад. Файлҳои «.apk»-ро аз манбаъҳои номаълум боргирӣ, кушода ва насб накунед.»
