Барканории рӯзноманигори олмонӣ барои гузоришҳои бофта

24 декабря 2018
950
Муаллиф: Rushnoi.org
EPA / Vostok Photo

Клаас Релотиус, рӯзноманигори олмонӣ, ки барои навиштаҳояш чандин ҷоизаҳои маъруфро ба даст оварда буд, бо иттиҳоми таҳияи гузоришҳои бофта аз кор ронда шудааст. Ба навиштаи сомонаи esquire, Релотиуси 33-сола давоми 7 соли ахир барои ҳафтаномаи “Der Spiegel”-и Олмон мусоҳибаҳои сохта пешниҳод карда, дар гузоришҳояш рӯзгори қаҳрамонҳои хаёлиро менавиштааст ва зиндагиномаи қаҳрамонҳои аслиро таҳриф мекардааст.

Клаас Релотиус аз соли 2011 дар “Der Spiegel” ҳамкорӣ дошта,  барои нашрия ва сомонаи он ҳудуди 60 матлаб навиштааст. Худи ӯ ба бофта будани дасти кам 14 навиштааш иқрор кардааст. Релотиус дар гузашта барои гузоришҳояш чандин ҷоизаи муътабари рӯзноманигории олмонӣ ва байналмилалиро дарёфт кардааст. CNN ӯро “Рӯзноманигори сол” эътироф кард. Инчунин вай шомили феҳрасти чеҳраҳои умедбахши соҳаи медиа, ки зери 30-соланд, гардидааст. Ин феҳрастро ҳамасола маҷаллаи маъруфи Forbes таҳия мекунад. Ҳамин моҳ, Релотиус барои матлабаш дар мавриди як кӯдаки сурӣ ҷоизаи “Гузоришгари сол”-и Олмонро ба даст овард.

“Der Spiegel” кори Релотиусро бадтарин ҳодиса давоми 70-соли мавҷудияти нашрия унвон кардааст. Иттифоқи журналистони Олмон бошад, онро бузургтарин матолиби бофта пас аз нашри рӯзномаи дурӯғини Гитлер дар соли 1983 дар маҷаллаи “Штерн” хондааст.

Миёни навиштаҳои бофтаи ӯ аз ҷумла мақолаи “Атфоли шерҳо” (аз кӯдакони рабудашудаи ироқӣ тавассути ҷангиёни “ДОИШ” нақл мекунад), “Охирин шоҳид” (дар бораи амрикоие, ки барои дидани ҳукмҳои қатл ҷаҳонгардӣ мекунад), навиштае дар бораи маҳбуси зиндони Гуантанамо дар ИМА ва ятимони суриягӣ, ки дар Туркия мавриди бардагӣ қарор гирифтаанд, ном бурда мешаванд.

«Der Spigel” тасмим гирифта, ки матолиби Релотиусро аз сайти интернетиаш то замони анҷоми тадқиқоти дохилиидоравӣ ҳазф накунад. Аммо ин гузоришҳо акнун навиштаҷоте доранд, ки имкон дорад, далелҳои овардашуда таҳриф шуда бошанд. Инчунин ҳар нафар метавонад дар сурати дарёфт кардани далели шубҳаноке ба нашриёт нависанд.

Дар изҳороти нашрия гуфта мешавад, амалҳои Клаас Релотиус бо шарофати як ҳамкори дигари нашрия — Хуан Морено ошкор шудааст. Морено ҳамроҳи Релотиус дар таҳияи як гузориш перомуни ихтиёриёне, ки дар марзи ИМА ва Мексика муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт мекунанд, кор мекардааст. Ӯ дар мавриди шубҳаҳояш ба кормандони “Der Spiegel” шуфтааст, аммо касе бовар накарда. Ҳангоми бо сафари корӣ дар ИМА будан, Морено қаҳрамонҳои гузоришро пайдо кардааст ва онҳо изҳор доштаанд, ки ҳеч гоҳ бо Клаас Релотиус вонахӯрдаанд.

Ба иттилои расонаҳо, Релотиус ҳамчунин дар нашриётҳои маъруфе монанди “Die Welt” ва “Frankfurter Allgemeine Zietung” кор карда, бо бахши олмонии “Financial Times” ҳамкорӣ доштааст.

Ба гуфтаи “Bird In Flight”  нашрияи Der Spiegel” Клаас Релотиусро рӯзи 19 декабр аз кор озод кардааст.