Террори аср | Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд? (ҚИСМИ 2)

04 января 2019
453
Муаллиф: Фахриддини Холбек

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

Пушти террори Масъуд на фақат “Ал-қоида” – ву Толибон, балки ҳудуди 20 кишвару созмон ва атрофиёни ӯ низ даст доштанд. Таҳқиқоти байнулмилалӣ ва дохилии қатли ӯ мутаваққиф шуданд. Натоиҷи қаблӣ эълон нагардиданд. Аммо пас аз марги “Шери Панҷшер” мавҷи террор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Кӣ дар ин кор манфиат дошт? Чаро ин “аждаҳои оташнафас” ба номи терроризмро дар лонааш – Афғонистон нобуд накарданд, баъракс, дастҳо ва роҳашро ба сӯи Амрико, Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна боз намуданд?

Аҳмадшоҳ Масъуд/акс аз yjc.ir

ФАСЛИ ДУЮМ:

«Кадрҳои Моленбек…»

Яке аз рӯзҳои баҳори соли 2001 Усома бин Лодан ба пойгоҳи “Ал-қоида” дар минтақаи Дарунта, 20–километрии шаҳри Ҷалолобод омад. Онро «Абу Ҳабоб» мехонданд. Он ҷо терористони худкуш омода мешуданд ва кори инфиҷорро меомӯхтанд. Муҳофизи бин Лодан, ки соли 2001 ба асорати неруҳои амрикоӣ даромад, ба бозрасон чунин қисса кард: «…шайх Усома аз бародарон пурсид: «Кӣ кори Масъудро ба хотири ман ба дӯш мегирад? Ӯ Аллоҳ ва фарзандони ӯро озор додааст». Чанде аз бародарон даъвати ӯро пазируфтанд, то Масъудро кушта, аз Аллоҳ подош гиранд». Ду нафар интихоб шуданд: «Абу Ҳубайда» ва «Суҳайл». Инҳо кӣ буданд?

«Суҳайл» (бино ба фарзияи дигар, «Ас-Савир»), ҳамон наворбардори ҷаълӣ «Муҳаммад Қосим Баққолӣ», дар асл Рашид Боуравӣ Авери 31–сола, нассоҷи собиқ аз шаҳри Суси кишвари Тунис буд. Авер як ҷавони маъмулии араб буд, ки мисли дигар арабҳои Африқои Шимолӣ, ба Аврупо ба хотири зиндагии беҳтар омада буд. Дар ҷустуҷӯи бахт ба Олмон, сипас Итолиё рафт. Маълумоти олӣ надошт. Ниҳоят ба Брюссел омад. Муҳоҷири ғайриқонунӣ буд ва бо анҷоми фармоишоти хурду реза рӯз мегузаронд. Масҷиду қаҳвахонаҳои Моленбек (ё Моленбек–Сан–Жан, яке аз 19 комуни ҳавзаи марказии Брюссели Белгия, ки баъдтар ба унвони “гаҳвораи терроризми Аврупо” шуҳрат ёфт), аз ҷойҳое буданд, ки нассоҷи тунисӣ мерафту вақт мегузаронд. Маҳз мақоми ғайриқонунии ӯ, ба бовари аксари манобеъ, ояндаи хушеро барояш пешбинӣ намекард ва ин далели сафари ӯ ба Афғонистон шуд. Иттилоъ дар бораи зиндагии Авер дар Аврупо бо ҳамин маҳдуд мешавад, ки суоли зиёдеро халқ мекунад, аммо дар ин бора баъдтар сӯҳбат хоҳем кард.

Иттилоъ дар бораи рӯзноманигори ҷаълӣ – «Муҳаммад Карим Тӯзонӣ» ё «Абу Ҳубайда», Абдулсаттор Дахмани 39-сола аз манобеъи расмии Тунис, Белгия, Фаронса, ҳамчунон эътирофоти ҳамдастони ӯ дар додгоҳ, қабл аз ҳама Одил Тебурси ва ҳамсараш Малика Оруд (ба фарзияи дигар, Роуд)  бештар дастрас аст. Шахсияти ӯ бори аввал 7 декабри соли 2001 аз сӯи рӯзномаи Le Soir–и Белгия муайян шуд.

Даҳман, зодаи шаҳри Қобеси Тунис, аз як оилаи худкифо буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигорӣ буд. Ин «донишҷӯи миёна», амсоли Авер ва аъроби дигари «Мағриби исломӣ», роҳии Аврупо шуд. Бино ба манобеъи расмӣ, Саттор соли 1986 пас аз гирифтани дараҷаи рӯзноманигорӣ ба Белгия омад. Мехост дар Донишгоҳи озоди Брюссел (UCL) таҳсилашро идома диҳад. Бино ба шаҳодати Кристол Лежен, намояндаи ин донишгоҳ дар додгоҳи Брюссел, воқеан Саттор соли 1990 он ҷо дохил шудааст, аммо як сол пас имтиҳонҳояшро насупурда, тарки таҳсил кардааст.

Соли 1987 ӯ ба Лёвен (шаҳри асосии музофоти Фломондиёи Брабант, яке аз марокизи донишгоҳии Белгия) рафт. Аз рӯи бархе иттилоот, ӯ ба корпуси фаронсавӣ (ULB), баъдтар ҳолландӣ (VUB)–и Донишгоҳи католикии Лёвен дохил шуд. Ин ҷо ӯ бо фаронсавии тунисӣ ва рафиқи ояндааш дар “Ал-қоида” — Одил Тебурсӣ, ки баъдтар шаҳрвандии Фаронсаро ба даст овард, вохӯрд. Одил риёзӣ мехонд. Аммо иттилои дақиқ дар бораи таҳсили Даҳман дар ин донишгоҳ вуҷуд надорад. Сухангӯи Донишгоҳи католикии Лёвен ба тафтишот гуфтааст, афроди расмие ки метавонанд робитаи ӯ бо донишгоҳро таъйид кунанд, дастрас нестанд. Бино ба иттилое, ки аз баррасиҳои додгоҳи Порис дар соли 2003 ба даст омадааст, Даҳман ба Канада меравад ва соли 1991 бо зане ба номи Самия издивоҷ мекунад. Зиндагии муштараки онҳо ба ҷое нарасида, бо “талоқи дардовар” анҷом меёбад.

Намои ULB/акс аз thebulletin.be

Даҳман як ҷавони маъмулии “чапгард” буд, ки регги мешунавад, бо камоли майл оби ҷав менӯшад ва бо духтарони мухталиф мулоқот мекунад, аммо нокомиҳои ҳирфаӣ ва хонаводагӣ зиндагиро барояш талх карданд. Ӯ маҳдудиятҳое дар шавқу шӯри худ эҷод мекунад, риш мемонад ва ҳатто аз фишурдани дасти занон ибо меварзад. Як шахси ҳамакора буд, аз ҷумла дар дӯкони моҳифурӯшӣ кор мекард. Аз ин макон ба макони дигар “кӯч мебаст” ва шурӯъ аз соли 1996 зиёд масҷид мерафт.

Ӯ ба Моленбек омад ва ба маҳфили тунисиён, аз ҷумла Одил Тебурсӣ, ки бо “Ал-қоида” ҳамкорӣ мекарданд, роҳ ёфт. Бино ба натоиҷи баррасиҳои додгоҳи Порис, маҳз он ҷо ӯ бо Рашид Авер, “наворбардор”–и худ ошноӣ пайдо кард. Ҳарду як масҷид мерафтанд.

Он солҳо Моленбек, ки араби зиёде дар он сукунат доштанд, гирифтори ақидаҳои ҷиҳодизм шуда буд. Дар шаҳр шабакаи бузурге амал мекард. Соли 1997 дар ин маҳал як сурии табааи Фаронса ба номи Шайх Айочӣ Бассом, маъруф ба “Имоми чашмкабуд”, Маркази исломии Белгияро таъсис дода, ақоиди салафия ва ҷиҳодро таблиғ мекард. Ӯ ба сомеъини худ мегуфт: «Ҷои шумо он ҷост!». Ӯ Чеченистон ва Афғонистонро дар назар дошт. Даҳман яке аз шунавандагон, баъдтар шахси наздики Бассом гардид. Шайх ба ӯ кӯмаки молӣ мекард. Соли 1997 аз марокашиҳои атбои Белгия ба номи Малика Оруд ҳамсар низ пайдо кард (Оруд соли 2006 ба телевизиони CNN–и Амрико гуфт, ки соли 1999 бо Даҳман издивоҷ кардааст). Малика бо ҷалби занон ба Маркази Бассом машғул буд. Бассом соли 2004 дар суҳбат бо Дидиер Мартини, коргардони фаронсавӣ эътироф кард, ки издивоҷи онҳо бо мақоми ғайриқонунии Саттор бастагӣ дошт ва хонадоршавии ӯ бо шаҳрванди Белгия раванди ба даст овардани тобеияташро осон мекард.

“Илҳомбахш”–и дигари Даҳман як белгиягӣ, писари профессори Донишгоҳи католикии Лёван ва фарди гароида ба ислом Шайх Абдулло Бастин (Жан Франсуа Бастин), дӯсти наздики Бассом буд. Ин навмусулмон бовар дошт, ки ба ҳамин қарибиҳо дар Белгия мусалмонҳо аксарият мешаванд, он вақт “онҳо шариатро ҷорӣ мекунанд ва Белгия ҷузъи ҷомиаи исломӣ хоҳад шуд”.

Имомони Моленбек ӯро “омода”, ё мағзшӯӣ карданд, аммо бо истихдоми ӯ афроде машғул буданд, ки бо «Ал–қоида» робита доштанд. Онҳо ҳамшаҳриҳои ӯ – тунисиҳо буданд, ки дар Аврупо зиндагӣ мекарданд ва иддае ҳам тобеияти ин кишварҳоро ба даст оварда буданд. Одил Тебурсии риёзидон ӯро бо Ториқ Маъруфӣ, раҳбари шӯъбаи белгиягии «Гурӯҳи ҷангии Тунис» (TCG), ки соли 2000 аз сӯи созмони «Ал-қоида» дар кишварҳои Мағриб» таъсис ёфта буд, шинос кард. Ин гурӯҳ «бо номи онҳо, аз номи онҳо ва ба пуштибониву «истихдом барои онҳо» кор мекард. Маълум нест, ки Даҳман ба монанди дигар дӯстонаш узви ин гурӯҳ буд ё хайр. Сеюмин «рафиқи ҷангӣ»-и Даҳман Низор Тароблусӣ, собиқ футболбози ҳирфаӣ буд. Рафиқи чорумаш як механик ба номи Муҳаммад Аммор Силитӣ буд, ки соли 1999 бо иттифоқи ҳамсар ва панҷ духтари аз 2 то 13–солааш ба Афғонистон кӯчид (ӯ соли 2000 духтари 13–солаашро ба як тунисии узви «Ал-қоида» ба шавҳар дод, аммо ин домод ҳангоми ҳамлаи ҳавоии амрикоиҳо дар соли 2001 кушта шуд ва рӯи фарзанди нахустинашро надид).

Ба гумони ағлаб, нақши калидӣ ва сарнавиштсоз дар тақдири Даҳманро зиндагии ӯ дар пойтахти Аврупо бозӣ кард. Бино ба иттилои мақомоти Тунис, ӯ соли 1999, пас аз он ки мақомоти Белгия ба далели поён ёфтани иҷозаи иқоматаш хостанд ӯро аз кишвар хориҷ кунанд, ба махфикорӣ рафт. Аммо ин сабаби ягона набуд. Ба қавли ҳамсараш, аз он рӯзе, ки ӯ ба Брюссел омад, ҳамеша нокомиҳо дунболагираш буданд:

«Ӯ таъйиди дипломи журналистии худро гирифта натавонист, ҳеч гоҳ муваффақ ҳам нашуд бо рӯзноманигорӣ ё омӯзгорӣ, ки орзуи зиндагиаш буд, машғул шавад, ҳамчунин натавонист иҷозаи иқоматро ба даст орад, то ниҳоят вазъи худро танзим кунад ва ба он хотир, ки як навъ рӯз гузаронад, дар марокизи исломӣ дарси забони арабӣ мегуфт. Ӯ мехост дар Аврупо зиндагӣ кунад, роҳ ва бахти худро пайдо намояд, аммо ин қора ба масобаи «моиндари золим» ӯро ба танг оварда, роҳии Афғонистон, кишваре кард, ки ба қавли Малика, «мусалмони асил метавонист имконоти худро амалӣ намояд» ва дар бораи он ба Саттор дӯстонаш қисса мекарданд. «Маҳз дар Белгия ӯ гирифтори ақидаҳои ифротӣ шуд. Одил Тебурсӣ, Низор Тароблусӣ ва дигарон низ дар чунин вазъ буданд»-гуфтааст Малика Аруд дар додгоҳи Порис.

Бар хилофи гуфтаҳои ҳамсари Даҳман, рафиқони ӯ, ки соли 2001 боздошт шуданд, шоҳидӣ доданд, ки Даҳман минҳайси воизи ислом муваффақиятҳое ба даст оварда буд – ӯ дар масоҷиди Брюссел, аз ҷумла комуннаҳои Форе ва Андерлехт, дар бораи ҷиҳод ваъз мегуфт. Ба назар мерасад, ки ин вазъ низ барои пайвастани ӯ ба «ҷиҳод» сабаб шуд. Ӯ ба он чӣ, ки худ мегуфт, бовар кард. «Ӯ мехост ба Чеченистон равад, аммо бин Лодан ӯро ба «Ал-қоида» даъват кард»,–нақл кард ҳамсараш ба CNN.

Ба ҳамин минвол, «дӯстон» барои Даҳман — «меваи пухтаи зиндагии талхи Аврупо» — тамоми заруриёти сафар ба Афғонистонро фароҳам оварданд: Тебурсӣ ба ӯ шиносномаи ҷаълӣ, барои мабодо захирае аз шиносномаҳои сирқатшуда ва чиптаи ҳавопаймо, Маъруфӣ як тавсиянома ба номи бин Лоданро таслим карданд. Дар Афғонистон ӯро Муҳаммад Силитӣ истиқбол гирифт.

Кай Даҳман ба Афғонистон омад?

Се фарзия вуҷуд дорад. Аввал, бино ба иттилои нашрияи фаронсавии «Le Monde» аз соли 2005, Силитӣ Даҳманро дар Афғонистон тирамоҳи соли 2000 пешвоз гирифтааст. Дуюм, нашрияи испании «El Pais» аз қавли ҳамсари ӯ менависад, ки Даҳман нимаи соли 2000 ба Афғонистон рафт. Сеюм, Дидиер Мартини, коргардони фаронсавӣ дар филми мустанади худ «Чӣ касе Масъудро кушт?» (Qui a tué Massoud? (2004) мегӯяд, ӯ аз Лондон ба Покистон 19 майи соли 2000 парвоз кардааст.

Ду фарзияи аввал метавонанд як бошанд. Ҳамчунин ин гузина аз маҷаллаи «Time»-и инглисӣ, ки истинод ба пулиси Фаронса мекунад. Моҳи ноябри соли 2001 «Time» эътирофоти Табурсиро иқтибос кардааст, ки мегӯяд, Даҳман моҳи майи соли 2000 роҳии Афғонистон шуд. Ӯ ба Лондон аз шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвоз кард.

Моҳи феврали соли  2004 аз сӯи яке аз боздоштшудагон — Абдулҳайуддин Аберкон як эътирофи хеле ҷолиб садо дод. Вай гуфт, ки бо Даҳман ошно буд ва соли 1999 аз шунавандагони ваъзҳои ӯ дар масҷиди Форе буд. Маҳз ӯ бо як мошини фургон Даҳман ва Терурсиро ба фурудгоҳҳои Франкфурт ва Амстердам бурдааст.

Ба ҳамин минвол, Даҳман аз куҷо ба Лондон парвоз кардааст – аз Дюсселдорф, Франкфурт ё Амстердам? Аммо дар фурудгоҳи Лондон ӯ ба даст меафтад. Пулис сари шиносномаи белгиягии ӯ машкук шуда, тафтишотро оғоз мекунад. Дидиер Мартини тафсилоти ин боздоштро баён кардааст. Ба қавли ӯ, Даҳман ба хадамоти муҳоҷирати Бритониё эътироф мекунад, ки шиносномааш ҷаълӣ аст, зеро аз сӯи ҳукумати Тунис таъқиб мешавад. Ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳад. Ӯро дар маркази транзитӣ ё боздоштгоҳи фурудгоҳ масдуд карданд, аммо аз он ҷо муваффақ ба фирор шуд. Дар пайи ин Тебурсӣ дастур мегирад, ки ба пойтахти Бритониё ҳуҷҷатҳои  нав фиристад. Моҳи июл пас аз мусоид шудани вазъият Даҳман аз Лондон ба шаҳри Карочии Покистон сафар кард.

Ҳамин тавр, тибқи фарзияи Дидиер Мартини ва Малика Оруд, Даҳман соли 2000 ба пойгоҳи «Ал–қоида» — «Абу Ҳабоб» омад. Он ҷо ӯ Рашид Боуравӣ Авирро вохӯрд. 9 моҳ тамриноти ҷисмонӣ ва идеологӣ гирифт. Тибқи иттилои «Le Monde» аз соли 2005, «футболбоз-терорист» — Тароблусӣ, ҳамчунон ду араби фаронсавӣ, ки баъдтар расонаӣ шуданд — Ҷамил Беғол (соли 2005 дар Порис 10 сол маҳкум ба зиндон шуд) ва Закариё Мӯсавӣ (яке аз мутаҳамини ҳамлаҳои 11 сентябр дар Ню-Йорк), низ бо онҳо буданд.

Малика дар Брюссел монда, «танҳо мунтазири як калима менишаст, ки аз пайи шавҳараш пойтахти Аврупоро тарк кунад». Даҳман ӯро январи соли 2001 даъват кард. Малика, «роҳи тӯлониро дар таги фаранҷӣ тай карда», дар «Абу Ҳабоб» ба ӯ пайваст. Нашрияи фаронсавии «Le Monde» менависад, Малика як қатор таҷҳизотро бо худ овард, ки ба ӯ Тебурсӣ дода буд, аз ҷумла фарҳангҳои фаронсавӣ — арабӣ, компутар, як миқдор доллари нақд ва ду чандметра (multimeter), асбоби ченак барои тайёр кардани бамби деринфиҷор.

Баъдтар ин ҷуфт ба як манзили дуошёнаи иборат аз 7 утоқ дар «маҳаллаи арабҳо» ё «шаҳри мунтахабон» дар Ҷалолобод кӯчиданд. Дар ҳамчунин кӯшкҳо афроди муҳими “Ал-қойида” зиндагӣ мекарданд, ки яке аз онҳо Даҳман буд. Ӯ дар ин муддат чанд маротиба бо бин Лодан мулоқот анҷом дод.

Аз рӯи нақли мардуми Ҷалолобод, арабҳо ё аъзои “Ал-қойида”, ки миёни онҳо чеченҳо, ӯзбекҳо, аврупоиву амрикоиҳо ва намояндагони дигар кишварҳо низ буданд, дар қиёс бо мардуми маҳаллӣ хеле зиндагии бошукӯҳе ба сар мебурданд: либосҳои низомии ҷадид, силоҳу муҳимоти муосиртарин, модели охирини мошинҳои ҷопонии «Тайота»-ро доштанд ва хеле озоду ором ҳаракату зиндагӣ мекарданд. Онҳо мавриди эҳтироми мардуми маҳал буданд, зеро мусалмон буданд ва ҷиҳод мекарданд. Ҳамзамон бисёриҳо онҳоро ғосиб мешумурданд, зеро дар Афғонистон бо силоҳ қарор доштанд.

Ба гуфтаи Оруд (CNN), ӯ мехост «тарҳҳои башардӯстонаро амалӣ кунад, масалан, як хонаи кӯдаконро таъсис диҳад ва дарсҳои «исломи ноб»-ро ба роҳ андозад, аммо ӯ бо фақри мутлақ ва кишвари дар пайи ҷангҳо ба харобазор табдилёфта дучор омад. Нақшаҳои ӯ барбод рафтанд. Зану шавҳар дар ин ҳама СММ, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони аврупоии онро, ки моҳи январи соли 2001 алайҳи Толибон як қатор таҳримҳоро эълон карда буданд, муттаҳам мекарданд. Онҳо «дар миёни афроди хоси Усома бин Лодан», аз ҷумла ҳамсари ӯ мезистанд. Даҳман ба хонумаш истифода аз силоҳро омӯхт. Ба қавли Малика, Даҳман ва Авер соатҳо ба танҳоӣ сари суҳбат менишастанд ва нафари саввумро иҷозаи вуруд намедоданд.

Дере нагузашта, Малика аз зиндагии бар пояи қавонини ислом ҳисобшуда ва пур аз ранҷу азият дар Афғонистон, кишваре, ки «мусалмони асил метавонист имконоти худро амалӣ намояд» хаста шуда, барои се моҳ ба Белгия баргашт. Ин далелро аз забони ӯ, ки дар додгоҳи Брюссел шаҳодат медод, нашрияи фаронсавии «Le Figaro» 28 майи 2003 нашр кардааст.

Тибқи иттилои «Le Monde», 19 майи соли 2001 Даҳман аз Покистон ба Лондон парвоз мекунад. Дар фурудгоҳи Ҳитроу ӯро барои «шиносномаи машкук» боздошт мекунанд, аммо ӯ муваффақ ба фирор мешавад.

Ҳамин тавр, мо боз пеши носозгории далоил қарор мегирем, ки суоли зиёдро халқ мекунад:

1) Даҳман дар фурудгоҳи Ҳитроуи Лондон 19 майи соли 2000 боздошт шудааст ё 19 майи соли 2001?

2) Ин ҳодиса ҳангоми сафари ӯ аз Олмон ба Лондон ё аз Лондон ба Покистон иттифоқ афтодааст ё аз Покистон ба Лондон?

Ин як мавриди хеле муҳим аст. Агар ҳодисаи аввалро ба назар гирем, чунин хулоса мешавад, ки Даҳман дигар ба Аврупо барнагаштааст. Ин ба он маъност, ки ҳуҷҷатҳои қотилони Масъуд – шиносномаҳои ҷаълӣ ба номҳои «Тӯзонӣ» ва «Баққолӣ», номаи Маркази таҳқиқоти исломии Лондон, раводидҳои «мултипал»-и сафорати Покистон дар Лондон ва раводиди Толибон аз сафорати онҳо дар Покистон, ки барои будубош дар қаламрави таҳти назорати Ҷабҳаи Муттаҳид зарур буданд, дар ихтиёри онҳо гузошта шудаанд. Аз сӯи кӣ? Малика Оруд, ки барои «истироҳат» ба Белгия баргашт ё нафари дигар?

Ҷолиб ин аст, ки бозгашти Малика барои се моҳ ба Белгия бо замони омода кардани ин аснод дуруст мегирад. Бино ба иттилои нашрияи «DH»–и Белгия аз 27 майи соли 2003, ҳарчанд  Малика инкор кард, ки ҳеҷ рабте бо асноди ҷаълӣ надорад ва онҳоро ба Афғонистон набурдааст, додгоҳ то он замон маълум карда буд, ки ӯ ба Белгия моҳи майи соли 2001 омад ва моҳи августи ҳамон сол ба Афғонистон баргашт.

«Ин сафари дуҷониба ба хотири таҳияи шиносномаҳои ҷаълии белгиягӣ барои террористоне буд, ки худро рӯзноманигор муаррифӣ карда буданд. Аммо додгоҳ ба ин шак дорад, ки Малика ба танҳоӣ ин ҳама корро карда бошад»,-менависад нашрия.

Фарзияи мазкурро ин далел низ тақвият медиҳад, ки Авер – террористи дуюм дар қиссаи аврупоии Даҳман ҷое вуҷуд надорад. Манобеъ иттилои дақиқе ба даст намедиҳанд. Ин ба он маъност, ки тамоми аснод ба ӯ дар Афғонистон таслим карда шудаанд. Агар мавриди дуюмро асос бигирем, ин ҷо низ бархе иттилоот ба ҳам соз мегиранд, қабл аз ҳама ҷаласаи раҳбарони «Ал-қойида» дар Қандаҳор, омадани бин Лодан ба пойгоҳи «Абу Ҳабоб» ва интихоби ду ихтиёрии худкуш барои террори Масъуд. Пас аз ин Даҳман ба Лондон сафар мекунад, то дархостномаву раводидҳои Покистону Толибонро ба даст орад, ки ин раванд метавонад се моҳро дарбар гирад.

Дар ҳарду ҳолат, манобеъ зиндагии Даҳман дар Лондонро ба ин гуна шарҳ медиҳанд: Пас аз фирор аз минтақаи транзитӣ ё боздоштгоҳи фурудгоҳи Ҳитроу, Даҳман дар Лондон паноҳ бурд. «Лондонистон» (таърифи рӯзноманигор Мелани Филлипс аз пойтахти Бритониё), дурусттараш, аҳолии мусалмони он замони Лондон таҳти таъсири ваъзҳои як мисрӣ ба номи Абу Ҳамзаи Мисрӣ, «араб – афғон»-е, ки дастҳо ва чашми чапашро дар Афғонистон аз даст дода буд, қарор дошт. Ӯ имоми масҷиди Финсбури Парк буд, ки бо сармоягузории шоҳи Арабистони Саудӣ бозсозӣ шуда буд. Умар Бакрӣ, аз раҳбарони собиқи «Ҳизб-ут-таҳрир», аммо замони суҳбат бо Дидиер Мартини дар соли 2004, имоми салафӣ, мегӯяд, мусулмон ба мусулмон бояд кӯмак кунад, ҳамдини худро аз мақомот пинҳон дорад, ҳатто ба ӯ асноди шахсии худро диҳад. Ин масҷид гузаргоҳи теъдоди бузурге аз аъзои «Ал-қоида», ба шумули Амор Силитӣ, буд, ки Даҳманро дар Афғонистон пешвоз гирифт.

Дар «маҳаллаи арабҳо»–и Лондон Даҳман се моҳ иқомат кард. Дар ин муддат ӯ шиносномаи нав гирифт ва бино ба иттилои «Le Monde», тавсияномаеро ҳам аз Ёсир Сирӣ, мудири  Маркази таҳқиқоти исломии Лондон ва дар сафорати Покистон дар Лондон раводиди «мултипал» — чандкаратаро низ ба даст овард. Ҳамин тавр, ӯ ба Покистон парвоз кард. Ӯ дар консулгарии Толибон, ба гумони ағлаб, дар Карочи, низ раводид гирифт ва тариқи гузаргоҳи Хайбар ба Ҷалолобод омад.

Бино ба нақли Малика, дар оғози моҳи августи соли 2001 Даҳман аз ӯ хост, ки ба таври оҷил ба Афғонистон баргардад. Вай мегӯяд, хабар надошт, ки «шавҳараш ҳамин ҳоло худкуширо ихтиёр кардааст ва мехоҳад бори охир ҳамсарашро бинад». Даҳман ба ӯ гуфт, ки ниҳоят соҳиби кор шуд: Акнун рӯзноманигорӣ хоҳад кард ва вазифаи аввалинаш «мусоҳиба» бо Масъуд аст. Ба қавли Аруд, Даҳман 10 август аз хона «барои ду ҳафта» берун шуд.

Хеле ҷолиб аст, ки суҳбатҳои додгоҳии Малика Оруд дар бораи он замон, ки ҳарду зану шавҳар дар Аврупо будаанд, чизе гуфта намешавад, гӯё зан дар ин бора чизе намедонист. Аммо Даҳман дар Афғонистон орзу кардааст ҳамсарашро барои охирин бор бубинад ва ӯро оҷил даъват кардааст. Ин маврид бори дигар собит мекунад, ки Даҳман дигарбора ба Аврупо наомадааст. Аммо вақте додрас пурсид, «оё шавҳараш аз ӯ хостааст, ки бо худ ду шиносномаи ҷаълии баъдтар пайдошуда дар ҷайби террористонро орад?», Малика посухи манфӣ дод.

Ба ҳамин минвол, Даҳман ва Авер шиносномаҳои ҷаълии Белгияро ба номҳои ду марокашӣ – «Муҳаммад Карим Тавзонӣ» ва «Муҳаммад Қосим Баққолӣ» дар даст доштанд. Масъалаи шиносномаҳои ҷаълӣ дар қиссаи мо хеле ҷолиб аст. Ду фарзия вуҷуд дорад: 1) бино ба иттилои расмӣ, онҳоро соли 1999 аз консулгарии Белгия дар Страсбург (Фаронса) ва сафорати он кишвар дар Гаага (Нидерландҳо) дуздидаанд. Шиносномаҳо ба номи Карим Тӯзонии 34–сола ва Қосим Баққолии 26-сола, шаҳрвандони Марокаш дода шуда буданд;

2) ин шиносномаҳо комилан ҷаълӣ ва номҳо тахайюлӣ буданд. Насаби “Тавзонӣ” дар Марокаш бештар миёни аҳли илму ҳунар маъруф аст. Даҳман низ орзуи аз ин тоифа будан дошт, аммо террорист шуд. Насаби «Баққолӣ» дар водии Сус, ки бештари сокинонаш барбариҳоянд, зиёд ба чашм мехӯрад. Худи «Қосим» ё Авер зодаи шаҳри Сус буд.

«Эҳтимолан, оне, ки Қосим ва Баққолиро ба ҳам пайваст, мухлиси ашаддии шеър будааст»,–менависад рӯзноманигори фаронсавӣ Константин Лежандр.

Раводиди «мултипол» ё чандкарата аз сӯи Халилурраҳмон (ё Абдураҳмон), котиби аввали сафорати Покистон дар Лондон содир шуда буд. Номаи дархостиро Ёсир Сирӣ, мудири Маркази таҳқиқоти исломӣ (ба забони арабӣ — «Ал – марсад ул-аъломи ал-исломи»), ки дар Лондон фаъолият дорад, имзо карда буд. Сирӣ дар номааш ба Абдураб Расули Сайёф навишта буд, ки ин ду нафар то Афғонистон хабарнигорони махсуси ТВ «Arab News International» (ANI-TV) дар Чеченистон буданд ва ин шабакаи телевизионӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият мекунад. Шабакаи телевизионие ба ин ном вуҷуд надошт. Шабакаи «The Arab News» ба шоҳзодаи саудӣ Ал–Валид бини Талол бини Абдулазиз ас–Сауд тааллуқ дорад.

Алан Каллисон, ки барои нашрияи амрикоии «The Wall Street Journal» кор мекард, яке аз даҳҳо рӯзноманигоре буд, ки октябри соли 2001 аз Тоҷикистон ба қаламрави Ҷабҳаи Муттаҳид гузашта буданд. Дар роҳи Бадахшон ба Панҷшер дар Ҳиндукуш дар пайи як садама шишаи компютераш шикаст. 13 ноябр, вақте Толибон Кобулро тарк намуданд, аввалин коре, ки кард ба бозори шаҳр рафт, то компютери нав харад. Ба бахти ӯ, ду компютерро ба ӯ пешниҳод карданд. Яке  IBM–и рӯимизӣ ва дигаре, ноутбук Campaq буд, ки аз утоқи кории Муҳаммад Ҳотиф, яке аз наздикони бин Лодан дуздида шуда буданд. Қимати ин ду компютери гаронарзиш барои Каллисон ба 1100 доллар тамом шуд. Баъдҳо маълум шуд, ки аз компютери рӯимизӣ худи Усома ва муовини ӯ – Завоҳирӣ аз соли 1997 то 12 ноябри соли 2001 истифода мекарданд. Дар он ҳазорҳо санаду номаи муҳим маҳфуз буданд, ки дар миёни онҳо номаи ба забони шикастаи фаронсавӣ навиштаи Ёсир Сирӣ, мудири Маркази таҳқиқоти исломии Лондон низ буд. Ҳамчунин номаи раҳбари «Ал-қойида» ба Мулло Умар низ ба даст омад, ки навишта буд, пас аз марги Масъуд корҳо хуб хоҳанд шуд…

(Идома дорад)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД