Ёддошти ҳамкории сеҷонибаи БҶ “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет”

05 марта 2024
332
Муаллиф: Rushnoi.org

Бунёди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” бо Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Муҳимтарин ҳадафи ин Ёддошт талошҳои муштарак барои тавсеаи соҳибкории рақамӣ унвон мешавад. “Ҷонибҳо ба дарки муҳим будани талошҳои муштарак ҷиҳати беҳсозии муҳити соҳибкорӣ дар кишвар тавассути баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии соҳибкорон, аз ҷумла дар самти рақамисозӣ ва тиҷорати электронӣ таъкид мекунанд”,-омадааст дар санади мазкур.

Ёддошти тафоҳум дар ҷараёни аввалин конфронси байналмилалии тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки 1 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.