“Хатари ҷанубӣ” — ҚИСМИ 4: Озодбек – сарбози гумноми тарҳҳои бузург
ҚИСМАТИ АВВАЛ: “ҶИҲОД – БОСМАЧИГАРӢ”
ҚИСМАТИ ДУВВУМ: “ҶАНГИ АФҒОН”
ҚИСМАТИ СЕВВУМ: “ОСИЁИ МИЁНА-«ШИКАМЧАИ НАРМИ ШӮРАВӢ”
ҚИСМАТИ 4
Озодбек – сарбози гумноми тарҳҳои бузург
То ин ки ба амалиётҳои СIA – Созмони истихборотии Амрико дар марзҳои Осиёи Миёнаи шӯравии солҳои 80 – уми асри гузашта бирасем, ҷолиб аст ба қиссаи дигаре пардозем, ки таърихнигории Осиёи Марказӣ ё ёд надорад, ё амдан ба кунҷи фаромӯшӣ афкандааст. Ин қиссаи Озодбек, боризтарин муҳраи як тарҳи бузурги рахнаи истихбороти Инглису Покистон ва Туркия ба қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ, ба вижа Осиёи Миёнаи он рӯзҳост.
Манобеъи Шӯравӣ, чӣ расад ба Осиёи Марказӣ, то ба имрӯз иттилое дар бораи Озодбек нашр накардаанд. Гӯё ҳамчунин шахс аслан вуҷуд надошт. Ҳарчанд имкон надорад, ки дар бойгониҳои Шӯравӣ, бахусус Хадамоти истихбороти марказӣ, иттилоое дар бораи ӯ вуҷуд надошта бошад, зеро ӯ минҳайси як унсури хеле хатарнок ба низоми Шӯравӣ зуҳур намуда буд.
Хадамоти амният (ХОД) – и ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ дар Кобул низ Озодбекро як тарҳи миёншикан ва хатарнок барои якпорчагӣ ва амнияти Афғонистон ташхис дода буд. Ҳар қадам ва ҳар як фаъолияти ӯ дар ин кишвар аз сӯи шахси Доктор Наҷибуллоҳ ва Ғулом Форуқ Яъқубӣ, раиси ХОД пайгирӣ мешуд. Бо ин вуҷуд, иттилоъи кофӣ дар бораи ӯ ҳатто дар таърихнигории Афғонистону ҷаҳон низ вуҷуд надорад, аммо ин ба он маъно нест, ки Озодбек як чеҳраи камаҳмият буд.
Асадуллоҳ Ваволиҷӣ, нависанда ва шоири турктабор, як низомии фаъоли режими коммунистии Кобул дар шимоли Афғонистон дар китобаш «Хуруҷи генерал Дӯстум ва суқути Доктор Наҷибуллоҳ» иттилои васеътареро дар бораи Озодбек ироа кардааст ва Раззоқи Момун низ дар китоби “Рози хобида” аз он истифода мекунад (ҳадди ақал, муаллифи ин сатрҳо ба манобеъи дигар даст наёфт).
Ба ривояти Ваволиҷӣ, Ворис Каримӣ, падари Озодбек авоили қарни 20 дар деҳае аз марбутоти шаҳри Тошканд ба дунё омада, дар риштаи пизишкӣ таҳсил кард ва ба ҳайси духтур вориди Артиши Шӯравӣ шуд. “Ворис дар солҳои ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар ҷараёни таҳоҷуми артиши Олмон ба хоки Шӯравӣ, ба асорат даромад ва баъд аз шикасти Олмон, аз банд раҳоӣ ёфт. Вай баъд аз ҷанг ба вазорати хориҷаи Шӯравӣ ба кор даромад ва аз сӯи вазорати хориҷа ба ҳайси консули Шӯравӣ дар шаҳри Карочӣ, пойтахти Покистон (1947 – 1969) тавзиф гардид”, — навиштааст Валволиҷӣ.
Ба ривояти ӯ, Ворис дар Карочӣ бо Карим ном шахс, ки писар ё набераи Худоёрхон (хони Хӯқанд (1829 – 1886)) буд, вохӯрд. “Карим баъд аз пирӯзии ҳаводорони болшевизм дар Тошканд, муқорини соли 1920 ба Афғонистон мутаворӣ шуда буд. Худоёрхон то дами марг дар Афғонистон зист ва саранҷом дар вилояти Ҳирот дида аз дунё фурӯ баст. Пас аз он, писараш Карим равонаи Карочии Покистон шуд ва аз сӯи мақомоти маҳаллии инглисӣ таҳти ҳимоят қарор гирифт. Вақте Ворис ба ҳайси консули Шӯравӣ дар Карочи ворид шуд, пайванди ошноиаш бо Карим барқарор гашт ва ин пайванд то он ҷо расид, ки Карим духтари худро барои Ворис тазвиҷ кард. Издивоҷи Ворис бо духтари ҳамшаҳриаш (Карим) бар зиндагии расмии вай ба ҳайси намояндаи Шӯравӣ дар Покистон нуқтаи поён гузошт. Чунонки бар асари тақозои хусураш, маъмурияти худ ба ҳайси консули Шӯравиро тарк гуфта ва санади тобеияти Покистонро ҳосил кард. Вай аз он пас тахаллуси «Каримӣ»-ро барои хеш баргузид. Озодбек ҳосили ин издивоҷ буд”, — менависад Валволиҷӣ.
Аммо доктор Элмурод Арғун, яке аз ҳамсангарони Озодбек, ки бо “Рӯшноӣ” сӯҳбат кард, ривояти дигареро ба даст медиҳад. Доктор Арғун соли 1977 бо иттиҳоми “исломии хатарнок” будан аз сӯи режими коммунистии вақт зиндонӣ шудааст. Ӯ вакили дифоъ буд ва дар мурофиаҳои судӣ аъзои Ҳизби исломии Ҳикматёрро ҳимоят мекард, аммо ҳеҷ гоҳ исломӣ набуд. Соли 1979 Доктор Арғун дар пайи як авфи умумӣ озод шуд ва ба Покистон рафт. Он ҷо ӯ бо Озодбек вохӯрд ва то рӯзҳои охири зиндагӣ ӯро ҳамроҳӣ кард.
Доктор Арғун мегӯяд, падари Озодбек – Ворис Каримиро мешинохту бо ӯ ҳамсӯҳбат шудааст ва қиссаҳои ӯро аз забони худашу наздиконаш шунидааст. Ба ривояти ӯ, Ворис Каримӣ зодаи Тошканд, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Маскав буд ва дар ҷанги ҷаҳонии дуввум ба ҷабҳа рафта, асири олмониҳо шудааст. “Пас аз шикасти Олмони нозӣ ва озод шудани асирони Шӯӯравӣ ӯ ба дасти амрикоиҳо меафтад. Ӯро раҳо мекунанд, аммо ӯ аз тарси ин, ки Сталин ӯро ба зиндон хоҳад андохт, ба ватан барнамегардад ва ба Туркия меравад. Соли 1947 вақте Покистон ташкил шуд, ба ӯ машварат медиҳанд, ки ба Покистон рав, чун қавмҳоят – ӯзбекҳо он ҷо зиёданд, ба урдуи ҳамон ҷо бипайванд ва зиндагӣ кун. Ворис ба Покистон омада, ба урдуи Покистон мепайвандад. Духтури ҳарбӣ буд. Забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва урдуро хуб мефаҳмид. Абдулкарим номи падарбузурги Ворис аст ва ба хусураш ҳеҷ рабте надорад. Дар Пешовари Покистон ӯ бо духтари Маҳмудбек, набераи хони Хӯқанд — Худоёрхон издивоҷ мекунад. Азбаски Озодбек рӯзи ҷумъа таваллуд шуда буд, ӯро Одинабек ном гузоштанд, аммо як ҳафта пас, чун падараш дар ҳасрати бозгашт ба ватан ва озодии он буд, пас аз як ҳафта номи ӯро ба Озодбек тағйир дод. Тибқи шунидаҳоям Ворис Каримӣ ҳамин чанд соли қабл дар Амрико дунёи фониро тарк гуфтааст”, — гуфт Доктор Арғун.
Бино ба гуфтаи Доктор Арғун, Озодбек риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Панҷобро, ки соли 1882 аз сӯи бритониёҳо дар Ҳинд бунёд шуда буд, хатм кардааст. “Устоди ҳуқуқ буд, аммо кори расмӣ накардааст. Корҳои хусусӣ мекард. Бо тиҷорати мошин ва сангҳои қиматбаҳо машғул буд”, — мегӯяд ӯ.
Валволиҷӣ мегӯяд, Озодбек таҳсилоти олии худро дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Ровалпиндии Покистон ба поён расонда, пас санади магистириро дар ҳамин ришта аз Лондон ба даст овардааст (Доктор Арғун мегӯяд, унвони устодии ҳуқуқро Озодбек дар Донишгоҳи Панҷоб гирифта, дар Лондон таҳсил накардааст). “Озодбеки ҳуқуқдон ба сиёсат рӯй овард ва ба «Ҷамоати исломии Покистон» ба раҳбарии Мавлоно Абулало Мавдудӣ пайваст”, — менависад Валволиҷӣ.
ШАРҲ: Ҷамоати исломии Покистон (ҶИП) — ро Мавлоно Абулало Мавдудӣ (1903 – 1979) соли 1941 дар Ҳинди бритониёӣ ташкил карда буд, ки ҳоло дар чаҳор кишвар – Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Шри Ланка ва Кашмир фаъолият дорад. ҶИП «бозуи ақидатӣ ва сиёсӣ” – и режими генерал Зиёулҳақ (1977–1987) унвон мешуд, ки сиёсати шариатикунонии Покистонро пеш гирифт. Ин сиёсатро Покистон бо “ҷиҳоди афғон” ба Афғонистон низ густариш дод. Покистон аз ҳаводорони шариатикунонии Осиёи Миёна низ буд. Ба эҳтимоли зиёд, Озодбекро, аз ин хотир, дар садри ин пружа медиданд. Нуктаи ҷолиби дигар: гузаштагони Мавдудӣ аз тоҷикони Ҳирот ва модариаш аз “муғулҳои бузург” – туркҳои Осиёи Миёна буданд, ки бо Заҳириддин Бобур (1483-1530) Ҳиндро фатҳ кардаанд.
Таҳаввулоте, ки баъди ба қудрат расидани Муҳаммад Довудхон (1973 – 1978) дар Афғонистон ба вуқӯъ пайвастанд, масири зиндагии Озодбекро низ ба сӯи таҳаққуқи орзуҳои падараш тағйир доданд. Довудхон мухолифини исломии худро таҳти фишор гирифт ва онҳо Афғонистонро ба қасди Покистон як – як тарк карданд. Ихтилофи Исломободу Кобул он рӯзҳо сари қазияи Паштунистон шиддат меёфт. Фирори исломиён ба Покистон як ҳадияи сарнавишт барои ҳукумати Зулфиқор Алӣ Буту ва сипас, генерал Зиёулҳақ буд.
Аввалин раҳбари исломие, ки ба Покистон омад, Гулбуддин Ҳикматёр буд ва Озодбек, яке аз аввалин афроде буд, ки ба ӯ пайваст. “Ӯ дар оғоз дар танзими Ҳикматёр буд. Ҳикматёр ҳанӯз замони Зулфиқор Буту омада, дар Пешовар пойгоҳ ҷӯр карда буд”, — мегӯяд Доктор Арғун.
Ба қавли Валволиҷӣ, Озодбек соли 1975 бо маслиҳати падар минҳайси мушовир дар канори Бурҳонуддини Раббонӣ, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки низ ба Пешовар фирор карда буд, қарор гирифт. Бино ба гуфтаи марҳум Саид Аъзами Бухорӣ, набераи Амир Олимхон, вақте Ҷамъияти исломӣ, яке аз ду танзими қавитарини “Ҳафтгона” – и муҷоҳидини Афғонистон таъсис ёфт, ду тағояш — Сайид Иброҳимхон ва Сайид Мансурхон ба аввалин раҳбарон ва пуштибонони он пайвастанд.
Доктор Арғун мегӯяд, вақте Устод Раббонӣ ба Пешовар омад, раҳнамояш Озодбек буд. “Маҳз ӯ бо ину он афроди муҳим дар ҳукумати Покистон устод Раббониро шинос кард. Ҳарду се сол зиёдтар ҳамкорӣ доштанд”, — гуфт ӯ.
Аз ин ҳама мешавад хулоса кард, ки муҳоҷирини бухороӣ аз миёни 7 танзими ҷиҳодии суннимазҳабони Афғонистон Ҷамъияти исломии Устод Раббонии тоҷикро тарҷеҳ дода буданд ва ӯро дар садри пружаи “озодии Бухоро” медиданд.
Аз сӯи дигар, вақте тарҳи Амрико ва муттаҳиди осиёиаш – Покистон ба манзури кашонидани Иттиҳоди Шӯравӣ ба «мурдоби Афғонистон» пиёда мешуд, ба қавли Раззоқи Момун, “тааррузи артиши Шӯравӣ дар 27 декабри 1979 ба Афғонистон, бозори зиддият бо Шӯравиро чунон доғ кард, ки ҳалақоти хуфтаи «муҳоҷирони бухороӣ» дар Покистон низ аз хоби деринаи муҳоҷират бедор шуданд”.
Маҳз ин замон, ба қавли Доктор Арғун, ӯзбекҳои самти Шимол ва Осиёи Марказӣ гирди Озодбекро мегиранду мегӯянд, ки ба мо раҳнамоӣ кун. Озодбек аз онҳо пешниҳод мегирад, ки як ҳизб таъсис диҳад.
Ровиёни таърихи Озодбек бар инанд, ки муҳоҷирини Осиёи Миёна ва турктаборони Шимоли Афғонистон дар тарҳи бузурги Ғарбу Покистон алайҳи Шӯравӣ як нерӯи қобили эътимод ва мутааҳиди табиӣ арзёбӣ мешуданд. Озодбек, писари муҳоҷири тошкандӣ бо истеъдоди барҷастаи раҳбарӣ ва ангезаи хуниву таърихие, ки дошт, дар ин тарҳ ба зудӣ ҷойгоҳи худро пайдо кард ва калидӣ шуд. Вай бо низомиёну масъулони раддаи аввали Созмони истихборотии Покистон (ISI), бахусус низомиёни туркнажоди он, робитаи наздик дошт. Раззоқи Момун менависад, “аз як назар, вай аз афроди муҳими Созмон амнияти Покистон буд, ки бо шурӯъи ҷангу ҷиҳод дар Афғонистон сарвату имконоти фаровонеро дар ихтиёраш гузошта буданд, то бад-ин васила битавонад раҳбарии ҳаракати дастаҳои мухталифи ҷиҳодӣ, бахусус ҷиҳодиҳои турктаборро дар дасти худ бигирад”.
Сайид Муҳаммад Ризо Алавӣ, як рӯшанфикри афғон, ки соли 1989 шахсан бо Озодбек мулоқот карда буд, ба нақли қавл аз дигарон мегӯяд, “ӯ аз ӯзбекҳои Фарғона ва аз муҳоҷирини ҷангҳои «босмачӣ» буда, тобеияти Покистон ё Инглисро дорад ва афсари артиши салтанатии Бритониё ё Покистон аст. Алавӣ ин фарзияро ҳам баён кардааст, ки Озодбек бародари Мирзо Асламбек аст”.
ШАРҲ: Мирзо Асламбек, як генерали муассир дар таҳаввулоти Покистону Афғонистон ба шумор мерафт, ки сардори Ситоди артиши Покистон (1988-1991) ва аз хонаводаи “муғулҳои бузург” – турктаборони Покистон буд.
Зимистони соли 1981 дар шаҳри Пешовар ҳизби «Иттиҳодияи исломии вилоёти шимоли Афғонистон» таъсис ёфт. Валволиҷӣ менависад, ин ҳизб ба кӯмаки аносире дар артиши Покистон ташкил шуд ва дар конфронси нахустини он шуморе аз равшанфикрони ӯзбек ва туркман (-и Афғонистон) ҳузур доштанд.
Аммо Доктор Арғун мегӯяд, ин ҷамъ фақат маҳдуд ба турктаборони Афғонистон набуд. Ба қавли ӯ, дар эҷоди “Иттиҳодияи исломии вилоёти шимоли Афғонистон”, тавре аз номаш пайдост, намояндагони тамоми қавму миллиятҳои шимол – ӯзбекҳо, туркманҳо, тоҷикҳо ва қавмҳои хурду реза, ба монанди қирғизҳо ва тоторҳо, ҷалб шуда буданд. “Сайид Умархон, писари Амир Олимхон ва Раҳмонқул-хон, хони қирғизҳои Афғонистон (зодаи Мурғоби Тоҷикистон ва охирин босмачии Шӯравӣ) низ дар ин ҷаласа ҳузур доштанд. Мирвалиҷон аз Янги Қалъа ва Вакил Каримуллоҳхон аз Рустоқи вилояти Тахор ҳарду тоҷик ё Набиҷону Ҳошимҷони Зореъ аз арабҳои Маймана буданд ва дар сафи муассисони Иттиҳодия қарор доштанд. Ё бодигорди асосии Озодбек ба номи Нураҳмади Девона, аз тоҷикони Кундуз буд”, — мегӯяд ҳамсӯҳбати “Рӯшноӣ”.
ШАРҲ: Сайид Умархон ва Раҳмонқулхон ба зудӣ аз сафи Иттиҳодия хориҷ шуданд. Соли 1982 аввалӣ ба Амрико ва дуввумӣ, тибқи барномаи муҳоҷирати Туркия, ба Туркия ҳиҷрат карданд. Дар бораи Сайид Умархон иттилое ба даст нест, аммо Раҳмонқулхон соли 1990 дар Арзуруми Туркия ҷон ба ҷонофарин супурд. Доктор Арғун мегӯяд, як бор дар Пешовар фарзандони Амир Олимхон наздаш омаданд ва ӯ аз онҳо хост, ки як вакили дифоъ гирифта, 1 миллион сиккаи тиллоии падарашонро, ки дар Бонки Бритониё нигаҳ дошта мешуд, бигиранд, аммо онҳо алоқае нишон надоданд. “Ҳеҷ гоҳ пушти ин кор нашуданд. Хеле ақибмонда буданд. Шоҳзода буданд, аммо дар фикри ватан набуданд”, — гуфт Доктор Арғун.
Дар конфронси Пешовар Пир Махдум Карим ном рӯҳонии қавми туркман раҳбари “Иттиҳодияи исломии шимоли Афғонистон” интихоб шуд, аммо дере нагузашта миёни ӯву Озодбек ихтилофи ҷиддӣ ба вуҷуд омад ва ахирӣ худ раҳбариро ба даст гирифт.
Доктор Арғун, ки шоҳиди ин моҷаро буд, мегӯяд, Карим Махдум як инсони бекифоят буд ва истеъдоди раҳбарӣ надошт. “Ӯ набераи ҳамон Эшони Халифа Қизил Аёқ буд, ки вақте аз сӯи Нодирхон ноибуссалтана таъйин шуд, ба Иброҳимбеки лақай ва умуман муҷоҳидини бухороӣ хиёнат кард. Карим Махдум соли 1981 тибқи ҳамон барномаи ҷалби муҳоҷирин дар қатори 4700 нафар ба Туркия ҳиҷрат кард ва шаҳрвандии он ҷоро гирифт. Ҳоло намедонам, зинда ҳаст ё не, аммо ӯ ҳеҷ нақше дар ҷиҳод надошт”, — мегӯяд Доктор Арғун.
Бо ин вуҷуд, раҳбарии Иттиҳодияи исломии Шимол пас аз он ба Озодбек даст дод, ки соли 1980 дар шаҳри Пешовар муовини Карим Махдум – Муҳаммадтоҳири Мутаҳҳар аз Самангон ба таври мармуз кушта шуд. Озодбек фақат масъули сиёсии ҳизб буд. Доктор Арғун мегӯяд: “Тоҳир дӯсти наздики ман буд. Дар маҳбаси Пули Чархӣ якҷо бандӣ будем. Аслан ҳамин Иттиҳодияро низ Тоҳир таъсис дод. Ӯ ҳанӯз дар замони Довудхон ба ҷурми латукӯби волии Самангон ва ҳамкорӣ бо “ашрор” (исломиҳоро дар замони Довудхон ва коммунистон чунин ном мебурданд) зиндонӣ шуда буд. Ҳарчанд хатмкардаи риштаи шаръиёт буд, гароиши миллигароӣ ва наздик ба Тоҳири Бадахшӣ, раҳбари Ситами миллӣ дошт”.
Эҳтимол меравад, куштори Мутаҳҳар ба гароишоти чапии ӯ, ки наздикии фикрӣ ба коммунистон ва мухолифат бо исломиён дошт, рабт мегирифт ва ин гуна раҳбар ба дарди пуштибонони бузурги тарҳ намехӯрд. Ҳамоно беҳтар аз Озодбек, узви Ҷамоати исломии Покистон, нафари мӯътамади дигареро намешуд суроғ кард.
Озодбек зуд даст ба кор шуд. Дар оғоз коре, ки ӯ мекард, тақсими пул ва дигар кӯмакҳои Покистону Арабистони Саудӣ ва Туркия ба фармондеҳони ӯзбек, туркман, ҳазора, тоҷик ва паштуни Шимол буд, ки дар сафи дигар аҳзоби сиёсӣ, аз қабили Ҷамъияти исломӣ ва Ҳизби исломӣ дар Афғонистон меҷангиданд. Валволиҷӣ мегӯяд, вақте Озодбек мутаваҷҷеҳ шуд, ки фармондеҳон пулро гирифта, боз фармони танзимҳои худро мебурданд, ногузир худ роҳи Афғонистонро пеш гирифт.
Доктор Арғун, ки қадам ба қадам ӯро ҳамроҳӣ мекард, қисса мекунад, ки Озодбек чор бор ба Афғонистон сафар кард. “Бори аввал соли 1983 мо бо иттифоқи Холидинбек, яке аз фармондеҳони Ҳикматёр ва писари Холдорбек, фармондеҳи Иброҳимбеки Лақай вориди Афғонистон шудем (Холидинбек соли 2015 дар маҳалли истиқоматаш дар вулусволии Гӯртеппаи Кундуз ба таври мармуз террор шуд). Ӯ Ҳизби исломиро тарк карда, ба мо пайваст. Дар вилояти Пактиё моро тайёраҳои ҳукуматӣ бомбаборон карданд. Мо натиҷа гирифтем, ки ин ҳаракати мо фош шудааст. Тасмим гирифтем, ки баргардем. Шабошаб ба Пешовар пас гаштем”, — қисса мекунад Доктор Арғун.
Сафари дуввуми Озодбек бо Мавлоно Абдулқуддус Раҳмонӣ, фармондеҳи вилояти Самангон соли 1983 иттифоқ меафтад, ки низ аз Ҳизби исломӣ хориҷ шуда, ба ӯ пайваста буд. “Озодбек дар Пешовар 350 ҷангии ӯро мусаллаҳ карду ҳаракат кардем. Моро 3 афсари покистонӣ низ ҳамроҳӣ мекарданд, ки яке полковник ва дуи дигар зобит (сержант) — Кашмир Реҷмент (яке аз шаш полки пиёдагарди Артиши Покистон) буданд. Ҳама номи мустаор доштанд. Онҳо омада буданд, то бинанд, ки оё Озодбек ин ҷо пойгоҳи мардумӣ дорад ва аз ӯҳдаи кор мебарояд”, — мегӯяд Доктор Арғун.
Озодбек бо иттифоқи Доктор Арғун махфӣ вориди Айбак, маркази Самангон шуданд, аммо ба зудӣ берун омада, ба Анҷирдара – қароргоҳи Мавлавӣ Абдулқуддус баргаштанд. Аммо сарҳанги покистонӣ фақат пас аз меҳмондорӣ дар манзили яке аз муҷоҳидини Мавлавӣ дар Айбак аз шаҳр хориҷ шуд.
Озодбек ва афсарони покистонӣ ҳудуди 20 рӯз дар Самангон монданд. Дар ин муддат онҳо ба ҷабаҳот рафта, бо муҷоҳидин дар амалиётҳо ширкат карданд ва пас аз ошноӣ бо ҷабаҳот, афрод, муҳимот ва таълимоти муҷоҳидин ва ташхиси эҳтиёҷоти онҳо ба Покистон баргаштанд. Доктор Арғун дар Анҷирдара аз онҳо ҷудо шуд. Ӯ ба ҷабаҳоти муҷоҳидини “Иттиҳодияи исломии шимол”-и таҳти фармони Озодбек дар Балх, Сарипул, Ҷузҷон ва Форёб рафта, сафарашро дар наворҳои видеоӣ мустанад кард. Ҳамчунин ба вулусволии Давлатободи Форёб рафт, то бо аҳли хонаводааш дидор кунад. Ӯ ду моҳ пас ба Пешовар баргашт.
Сафари сеюми Озодбек соли 1984 ба Нуристон иттифоқ афтод. Доктор Арғун мегӯяд, он замон Мавлавӣ Афзали Салафӣ раиси Давлати исломии Нуристон буд ва аз тарафи салафиҳои саудӣ сармоягузорӣ мешуд. “Вазифаи мо расонидани 8 араби саудӣ ба Нуристон буд. Мову Озодбек бояд ба Саудӣ сафар мекардем, аммо ба мо гуфтанд, ки онҳо худ меоянд, шумо намеравед”, — мегӯяд ҳамсӯҳбати “Рӯшноӣ”.
Нуристон бо Чатроли Покистон ҳаммарз аст. Як кӯтале байни ин вилоят ва Гармчашмаи Чатрол ба номи Зиддиф қомат афрохтааст, ки ба қавли Доктор Арғун, аз баландиаш дар қуллаи он оксиген нест (дар бораи ин кӯтал Абдулло Азом, раҳбари ҷиҳодиёни араб дар китоби “Як моҳ бо қаҳрамон” маълумоти ҷолибе додааст). “11 соат ба кӯтал боло шудем. Ҳам аспҳо беҳол шуд, ҳам одамҳо. Ҳама истифроқ карданд. Роҳе ба ҷуз боло рафтан надоштем, набояд таваққуф мекардем. Вақте поин шудем, вазъамон беҳбуд ёфт”, — ба ёд меорад Доктор Арғун.
Гурӯҳи арабҳоро як ӯзбеке аз Тошканд ба номи Нӯъмони Тошкандӣ раҳбарӣ мекард. Мавсуф имомхатиби масҷиди Ибни Аббос, сеюмин масҷиди мӯътабари Арабистони Саудӣ (пас аз масоҷиди Ҳарам ва Набавӣ) ва аз муҳоҷирини қадими инқилоби болшевикӣ буд. “Мо рафтем пеши Мавлавӣ Афзал ва пулҳое, ки салафиҳо тақдим карда буданд, ба ӯ таслим карда, пас гаштем”, — мегӯяд Доктор Арғун.
Сафари чоруми Озодбек соли 1987 иттифоқ афтод. Зимистони сахт ва як сафари мушкили тӯлонӣ буд. Гурӯҳи ӯ аз тариқи вулусволиҳои Ҷовари Пактиё ва Танайи Хуст ба Дараи Суфи Самангон расид. Ин сафари охирини ӯ буд. Озодбек дигар ба Покистон барнагашт…
ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД