Террори аср | Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд? (ҚИСМИ 5)

30 апреля 2019
745
Муаллиф: Rushnoi.org

ҚИСМАТИ АВВАЛРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ДУВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ САВВУМРО ИНҶО БИХОНЕД

ҚИСМАТИ ЧАҲОРУМРО ИНҶО БИХОНЕД

 

Пушти террори Масъуд на фақат “Ал-қоида” – ву Толибон, балки ҳудуди 20 кишвару созмон ва атрофиёни ӯ низ қарор доштанд. Таҳқиқоти байнулмилалӣ ва дохилии қатли ӯ мутаваққиф шуданд. Натоиҷи қаблӣ эълон нагардиданд. Аммо пас аз марги “Шери Панҷшер” мавҷи террор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Кӣ дар ин кор манфиат дошт? Чаро ин “аждаҳои оташнафас” ба номи терроризмро дар лонааш – Афғонистон нобуд накарданд, баъракс, дастҳо ва роҳашро ба сӯи Амрико, Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна боз намуданд?

Қуръонбадастон…

Арабҳои террорист 31 август аз Панҷшер ба самти Хоҷа Баҳоуддин парвоз карданд. Франсуаза Каус, рӯзноманигори фаронсавӣ, дар ин парвоз ҳамроҳи онҳо буд. Вай мегӯяд, қабл аз парвоз Аркадий Дубнов, рӯзноманигори рус ба ӯ маънидорона гуфт: “Бо мо ду араб парвоз мекунанд”.

“Барои мо ки тарафдорони Масъуд мебошем, онҳо “Ал-қоида” буданд, зеро мо арабҳоро дар зиндонҳои Ҷабҳа медидем, аммо дар сафҳои Ҷабҳа ҷангиҳои араб набуданд” – ба ёд меорад Каус. Баробари он ки чархбол ба ҳаво хест, ӯ ба ҳамроҳи дигараш – Шукрия фарёд зад: “Ин як парвози хатарнок аст…”

Ҳангоми парвоз Каус камераи худро берун овард ва аз сарнишинони чархбол филм гирифт. Дар ин навор дида мешавад, ки Авер рӯяшро мепӯшад ва Даҳман низ ҳаяҷонӣ шуда, рӯи худро ба ҷониби дигар мекунад. Ин охирин тасвири онҳо аст.  Дар посгоҳи амниятии фурудгоҳи Хоҷа Баҳоуддин арабҳо нигаронии масъулинро ба вуҷуд оварданд, зеро раводидҳои Покистон ва Толибонро доштанд. Зубайр, масъули вазорати хориҷа ба коргардони фаронсавӣ Дидиер Мартини гуфтааст, ки шиносномаҳои онҳоро гирифта, ба раисаш нишон дод:

“Ман ба омирам — Осим Суҳайл гуфтам, ки онҳо визои Толибонро доранд, на моро. Омир гуфт, бипурс, ки чаро визои моро надоранд. Вақте онҳоро пурсидам, як мактубро нишон доданд ва аз мулоқоташон бо Сайёф ҳарф заданд. Омирам гуфт, агар Сайёф онҳоро мешиносад, мушкиле нест”.

Онҳоро дар як меҳмонхонаи вазорати хориҷа, ки дар дохили маркази фармондеҳии Ҷабҳаи Муттаҳид аст, ҷой доданд. Утоқи онҳо дар шафати утоқи хоси Масъуд, ки барои қабули меҳмонон ва коруфтодагон пешбинӣ шуда буд, қарор дошт. Ин утоқҳоро ҳатто як дари фаръӣ васл мекард.

Дар меҳмонхона панҷ зан ҳам манзил ихтиёр карда буданд, ки соле қабл бо Масъуд мулоқот доштанд. Онҳо аз ҳамон 40 зане буданд, ки 27-28 июни соли 2000 аз Фаронса, Алҷазоир, Иёлоти Муттаҳида ва чанд кишвари дигар дар шаҳри Душанбе дар конфронси “Занон дар роҳи Афғонистон” ҷамъ омада буданд, то қиссаҳои занони афғонро дар қаламрави Толибон бишнаванд. Дар пайи ин нишаст “Маншури асосии ҳуқуқи занони афғон” қабул шуд. 29 июн ин маншурро дар Хоҷа Баҳоуддин ба Масъуд пешниҳод карданд, то имзои “шермонанд”–ашро гузорад. Ин як санади муҳим ва барои Масъуд тарихӣ буд, ки мавқеи мухолиф ба Толибонашро дар бораи ҳуқуқу озодиҳои зан тасбит мекард ва ҳам фармондеҳ аввалин нафаре буд, ки зери он имзо мегузошт. Акнун як сол пас ин ҳайат дигарбора ба назди Масъуд омада буд.

Онҳо дар як ҳавлӣ бо террористони араб қарор доштанд, аз ин хотир, шароити ошноӣ ва суҳбат бо онҳо фароҳам шуда буд. Бахусус ки ҳама мунтазири фармондеҳ буданд. Шукрия Ҳайдар, раиси созмони дифоъ аз ҳуқуқи занон — “Нигор” — мегӯяд, вақте аз Даҳман шунид, ки ин ду марди “мағрибӣ” аз Лондон омадаанд ва аз як Маркази исломӣ намояндагӣ мекунанд, дар ҳайрат афтод. Вай аз Даҳман пурсид: “Оё ин Марказ давлатӣ аст?” Посух чунин буд: “На, мустақил аст”.

Франсуаза Каус, ки дар ин суҳбат ҳузур дошт, аз Даҳман суол кард: “Агар мустақилед, пас фаъолият барои шумо гарон тамом мешавад. Ба шумо кӣ пул медиҳад?” Даҳман ҳаяҷонӣ шуд ва гуфт: “Ин як роз аст ва ҳамчун хабарнигор ба ин қабил иттилоот дастрасӣ надорад”. Дар утоқи арабҳо боз ду рӯзноманигори дигар – Аркадий Дубнови рус ва Искандар Амонжоли қазоқ низ зиндагӣ мекарданд. Онҳо се шабонарӯз якҷо буданд.

“Бо эшон ман дар як чархбол аз Панҷшер ба Хоҷа Баҳоуддин парвоз кардам. Ҳама интизори Масъуд будем ва ҳама мехостем бо ӯ суҳбат кунем. “Карим” бо инглисии равон ба ман қисса мекард, ки бори аввал ва бо даъвати Сайёф ба Афғонистон омадааст. Вай мегуфт, дар Белгия зиндагӣ дорад ва ба ҳамин қарибӣ рӯзноманигор шудааст. Ба ҳамин наздикӣ дар бораи кадом як масоили иҷтимоӣ рисола ҳимоят кардааст. “Қосим” аз ҳад зиёд каҷхӯ ва амалан ҳамеша хомӯш буд. Онҳо аслан намекӯшиданд, ки дар суҳбатҳои рӯзноманигорон ширкат кунанд”,- қисса мекунад Дубнов.

Аркадий Дубнов/акс аз Rеpubliс.ru

Дубнов мегӯяд, аз арабҳо фақат “Карим” муназзам намоз мегузошт. “Онҳо рафтори рӯзноманигорӣ доштанд. Бо мо ба урдугоҳи фирориён мерафтанд, мусоҳибаҳо анҷом медоданд. Боре ҳатто ба куҳҳо рафтем, ки як зиндони дур аз дастрас ҷойгир буд (сухан аз зиндони Чаҳоб дар вилояти Тахор меравад. Бино ба иттилои дигар, Масъуд қабл аз сафар ба Душанбе дастур дода буд, ки рӯзноманигорони арабро ба ин зиндон баранд, то тавонанд бо арабҳои асир мусоҳиба кунанд – муаллиф). Он ҷо Толибон ва зархаридони хориҷии асирро нигаҳ медоштанд”,- ба хотир меорад ӯ. Ба ҷуз Дубнов, Амонжол ва ду араб Масъудро ҳамчунин Бриҷит Бролт, рӯзноманигори мустақили фаронсавӣ, як корманди нашрия ва се рӯзноманигори донишҷӯ аз Суис, ки пештар ин ҷо омада буданд, интизорӣ мекашиданд. Онҳо тасовири мухталифе аз “ҳамкасбон”–и араби худ медиҳанд.

Бриҷит Бролт дар таъйиди суханони Дубнов ба расонаҳо гуфтааст, ки арабҳо одамгурез буданд ва худро аз дигарон ҷудо мегирифтанд, аммо ҳамеша бо худ “Қуръон” мегардонданд. “Хабарнигор” — пурмушаку қадбаланд буд ва қариб 1 метру 85 сантимерт қад дошт. Ӯ 35 сола буд. Як пироҳани обии аврупоӣ бо остинҳои кӯтоҳ ва шими сиёҳ ба бар мекард. Соддаву озод ба фаронсавӣ ҳарф мезад. “Наворбардор” ҷавонтар — 28-30–сола буд. Мӯи кӯтоҳбурида дошт, каме фарбеҳ буд, аммо мушакҳои дамида дошт. Пироҳани хокистариашро умуман бадар намекард ва як шими низ хокистарии серкисае ба тан карда буд. Анқариб ҳарфе намезад. Рӯзи дароз мехӯрду мехобиду намоз мехонд. Дар умум, ҳарду араб намоишкорона тақвои худро нишон медоданд. Онҳо аз ҷилдҳои “Қуръон” ҷудо намешуданд, ҳамеша онҳоро бо худ доштанд”,- мегӯяд Бролт.

Аммо дар қиёс бо шаҳодати Дубнов хонум Бролт мегӯяд, ҳарчанд ҳарду “Муҳаммад” мегуфтанд, ки ба Афгонистон барои таҳияи филми мустанад омадаанд, ӯ боре ҳам онҳоро бо камера надидааст: “Онҳо ягон тасвир ё манзараро сабт намекарданд. Маъмулан наворбардор атрофро бидуни шарту қайд сабт мекунад, ба ин хотир ки шояд чизе аз ин сабтҳо ба дард хоҳад хӯрд, аммо араби “наворбардор” хобро бар кор арҷ медод”.

Ҳамсуҳбатони ман аз Ҷабҳаи Муттаҳид “тақво”–и терористонро таҳти суол қарор медиҳанд. Мавлоно Сиддиқӣ, намояндаи вазорати хориҷаи Афғонистон дар Хоҷа Баҳоуддин аввалин нафаре буд, ки муаллифи ин сатрҳо дар бораи террори Масъуд суҳбат кард.

Шоми яке аз рӯзҳои даҳаи сеюми октябри соли 2001 буд. Сиддиқӣ он бегоҳ маро ба хӯроки шом дар ҷамъи масъулини маркази фармондеҳӣ ва вазорати корҳои хориҷӣ даъват кард. Он ҷо ҳам низомиён буданд ва ҳам диплумотҳо. Аз террористон ба нафрат ва бадбинии шадид ёд мекарданд. Мавлоно Сиддиқӣ, ки дар замони террори Масъуд дар Панҷшер масъулият дошт, ба нақл аз шоҳидони ҳодиса гуфт, арабҳо ҳарчанд мегуфтанд, мисли ҳар як мусалмон намоз мехонанд, ҳеч яке аз афроди мо онҳоро ҳангоми намозҳои ҷамоат надида буд:

“Онҳо бештар ба арабҳои аврупоӣ монанд буданд, ки танҳо ному даъвии мусалмониро доштанд. Нафарони мо хабар медоданд, ки онҳо барои намози бомдод аз хоб намехестанд. Маъмулан соати 8–и субҳ бедор мешуданд. Моҳи сентябр барои намози субҳ бояд соатҳои 4 ба 5 аз хоб хезед. Дигар ин ки онҳо зоҳиран худро тақводор вонамуд мекарданд, дар асл самимияти мусалмонӣ дар чеҳраву чашмони онҳо дида намешуд. Бисёриҳо сарашон шак доштанд, аммо ҳарф ҳарфи Омир Соҳиб буд. Ӯ ба мо дастур дода буд, ки меҳмонон, бахусус рӯзноманигоронро эҳтиром кунем, ҳар касе набошанд. Аз ин хотир, мо ба арабҳо чизе намегуфтем, ки озор ёбанд”.

Аҳмад (мутаассифона, номи пуррааш аз ёдам рафта), ки он замон масъули амнияти мо дар меҳмонхонаи вазорати хориҷа буд, қисса кард, ки арабҳо бештар ба мулло мемонданд, на рӯзноманигор. “Ман дар ин маврид ба муҳофизини асосии Омир Соҳиб ин мушоҳидаҳои худро гуфтам. Онҳо ин ҳарфҳоро ба худи ӯ расонданд ё не, бароям равшан нест. Маълум мешуд, ки таваҷҷуҳе ба ҳарфҳои ман нашуда буд. Марҳум сахт масруф буд ва шояд вақте барои баррасии ин гапҳо надошт. Масалан, аз Толибон хушаш намеомад, аммо ба ҳар ҳарфи бад дар бораи муллоҳо ҳассос мешуд. Ҳоло фикр мекунам, ки ҳарфҳо дар бораи тақвои арабҳо таассуроти мусбате дар ӯ ба вуҷуд оварда буданд. Омир Соҳиб як гапи хуб дошт, ки ҳеч аз ёдам намеравад:

“Ислом ва “Қуръон” инсонро тағйир медиҳанд, беҳтар мекунанд. Инсон руҳан дигар мешавад. Рафтораш тағйир мекунад. Касе, ки “Қуръон” рӯи сина мегардонад, ҳеч имкон надорад, ки ба аъмоли палидона қодир бошад”,- мегӯяд Аҳмад.

Фармондеҳи масруф

3 сентябр Дубноф ва Амонжол Хоҷа Баҳоуддинро тарк карданд — пулашон тамом шуд. Масъуд сахт серкор буд. Гоҳ Душанбе, гоҳ Файзобод – маркази сиёсии Давлати исломии Афғонистон, гоҳ Панҷшер мерафт. Ва ҳамеша ба Хоҷа Баҳоуддин бармегашт. Ӯ дарк мекард, ки ҷабҳаи шимол он рӯзҳо аҳмияти бештар дошт. Аз ин хотир, бо як ҳавсалаи том неруҳояшро ба ҳама гуна ҳамла омода ва рушди ҳодисаҳоро ҷиддан пайгирӣ  мекард. Ҳамин тавр, як ҳафта гузашт. Сиддиқӣ мегӯяд, арабҳо сахт эҳсосӣ шуда буданд. “Дар ин бора Ҷайҳун – тарҷумони онҳо нақл мекард. Сабри онҳоро сар омада буд. Мегуфтанд, вақташон зиёд зоеъ шуд. Ҳамаи рӯзноманигорон чунин буданд”,- ба ёд меорад Сиддиқӣ.

Онҳо қариб ҳар рӯз ваъдаи мусоҳиба бо Масъудро мегирифтанд, аммо ҳар рӯз ноком мешуданд. 7 сентябр фармондеҳ бо иттифоқи Масъуд Халилӣ, сафири Давлати исломӣ дар Ҳинд, ба Душанбе рафт ва субҳи барвақти 8 сентябр баргашт. Ба қавли Ориф Сарварӣ, ӯ оҷил ба утоқи хоси худ рафт ва ӯ (Сарварӣ)–ву Халилиро ба наздаш хонд. Чой нӯшиданд. Пас фармуд, ки утоқро тарк кунанд. Онҳо (Сарварӣ ва Халилӣ) дукаса ҳудуди як соат дар боғи Қози Кабир Марзбон, фармондеҳи Ҷамъияти исломӣ дар Тахор сайругашт карданд. Масъуд онҳоро ба назди худ хонд ва фармуд, ки бархӯрди амрикоиҳо дар баробари бин Лоданро ба баррасӣ гиранд. Вай гуфт:

“Амрикоиҳо кадом як плоне сари бин Лодан доранд. Ин мавзӯъро ба баррасӣ гиред ва бо натиҷаҳои худ ба наздам оед. Вазъ вахим мешавад. Чаро амрикоиҳо алайҳи бин Лодан иқдом намекунанд?”

Масъуд дар Душанбе бо як ҳайати эронӣ мулоқот карда буд. Он ҷо чӣ мегузарад, ба касе маълум нест. Аммо яке аз наздикони Масъуд дар Душанбе мегӯяд, ӯ қаблан бо як ҳайати амрикоӣ низ суҳбат дошт. Вай мегӯяд: “Амрикоиҳо (эҳтимолан, аз Маркази бин Лодани CIA, ки ҳанӯз соли 1986 ташкил шуда буд – муаллиф), ки дар мулоқотҳои қаблӣ бо шавқ боздошт ва асорати бин Лоданро баррасӣ менамуданд, ин дафъа дар ин мавзӯъ бо ҳарфҳои умумӣ иктифо карданд. Аз суҳбатҳои эшон ман чунин натиҷа гирифтам, ки онҳо ҳамкории бештареро аз Масъуд мехостанд ва маҳз инро, ки мустақим дар ҷанг алайҳи “Ал-қойида” ширкат кунанд. Аммо Масъуд қатъан ба онҳо паём дод, ки онҳоро намегузорад по ба хоки Афғонистон гузоранд, магар ин ки омода аст кӯмаки онҳоро қабул кунад, зеро “Ал–қойида” як хатар на фақат барои ӯ, балки онҳо низ ҳаст”.

Масъуд дар замони муқовимат бо Толибон ва шариконаш аз иттиҳоди созмонҳои террористии ҷаҳон таҳти сарварии “Ал-қойида” (1996 – 2001), равобити хосе бо Иёлоти Муттаҳида надошт. Аз соли 1996 нуктаи асосии ҳамкории онҳо хариди стингерҳое буд, ки амрикоиҳо худашон ба танзимҳои муҷоҳидин замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ тавзеъ дода буданд. Сарварӣ мегӯяд, ин наметавонист далели равобити ҷиддӣ бошад, зеро Масъуд аз 2000-2500 стингере, ки СиАйЭй ва ISI (истихбороти Покистон) миёни муҷоҳидин тавзеъ карда буданд, ҳамагӣ 8 ададашро гирифта буд. Соли1997 СиАйЭй ҳар адад стингерро ба қимати 80–100 ҳазор доллар харидорӣ мекард.

Бин Лодан/акс аз 24СМИ

Пас аз ҳамлаҳои террористӣ ба сафоратҳои Амрико дар Африқо (Доруссалом, пойтахти Танзаниё ва Найробӣ, пойтахти Кениё) нуктаи дуввум дар феҳристи ҳамкориҳои эшон ба вуҷуд омад: ба асорат даровардани бин Лодан. Ба қавли Сарварӣ, боре тарафҳо барномаи як амалиёти муштаракро тарҳрезӣ карданд, ки тибқи он раҳбари “Ал-қойида” ҳангоми боздидаш аз ҳамон пойгоҳи “Ал-Ҳабоб” дар қаламрави Ҷалолобод бояд ба асорат гирифта мешуд, аммо ин барнома ба далели касрҳои кӯчаки амрикоиҳо ба интиҳои мантиқии худ нарасид. Фармондеҳ хабар дошт, ки амрикоиҳо бо Толибон низ сари сарнавишти Усома суҳбат мекарданд…

Он рӯз Масъуд машғули қабули коруфтодагон буд. Осим Суҳайл, котиби ӯ, чанд бор аз дари фаръӣ пеши ӯ омад ва исрор кард, ки арабҳоро қабул кунад. Масъуд ӯро рад мекард, зеро коруфтодагон зиёд буданд. Ниҳоят, ваъда супурд, ки онҳоро бегоҳ мепазирад. Аммо чунин нашуд. Ба арабҳо ваъда дода шуд, ки онҳоро фардо – 9 сентябр пас аз ҷаласаи фармондеҳон қабул мекунад…

Дар суҳбат бо Дидиер Мартини, Бриҷит Бролт Даҳманро “як шахси меҳрубон” таъриф карда, меафзояд: “Мо бо ҳам дар бозор мегаштему яхмос мехӯрдем. Боре визиткортамро хост. Гуфт, ки шояд дар Фаронса ё Белгия бо ҳам бинанду ягон гузориш омода кунанд”…

Бриҷит ҳам аз ӯ чанд бор хост, ки визиткорташро диҳад, аммо Даҳман ҳар дафъа баҳонаеро пеш меовард. Мегуфт, рақами телефонашро намедонад ё онро танҳо ҳамсараш медонад. Қаблан мегуфт, муҷаррад аст. Аммо ба ҳайрати Бриҷит, ду рӯз қабл аз ҳамлаи террористӣ “Карим” ба ӯ визиткорташро бо як рақами телефон дар Лондон доду гуфт, ҳар вақт фурсат ёбад, занг занад: “Ҳатто агар дар рӯи замин набошам, занг бизан ва ба ту хоҳанд гуфт, ки ман дар куҷоям”.

Бриҷит ин ҳама таноқузотро як шӯхӣ мепиндошт. Вай мегӯяд, “Карим” ва “Қосим” хатарнок буданд, ҳама аз онҳо хавф мекарданд, ҳама бар онҳо шак доштанд, аммо касе инро ба забон намеовард…

(Идома дорад)

 

ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД