Террори аср | Аҳмадшоҳи Масуд чӣ тавр кушта шуд? (ҚИСМИ 6)
ҚИСМАТИ ЧАҲОРУМРО ИНҶО БИХОНЕД
Пушти террори Масъуд на фақат “Ал-қоида” – ву Толибон, балки ҳудуди 20 кишвару созмон ва атрофиёни ӯ низ қарор доштанд. Таҳқиқоти байнулмилалӣ ва дохилии қатли ӯ мутаваққиф шуданд. Натоиҷи қаблӣ эълон нагардиданд. Аммо пас аз марги “Шери Панҷшер” мавҷи террор дар саросари ҷаҳон паҳн шуд. Кӣ дар ин кор манфиат дошт? Чаро ин “аждаҳои оташнафас” ба номи терроризмро дар лонааш – Афғонистон нобуд накарданд, баъракс, дастҳо ва роҳашро ба сӯи Амрико, Аврупо, Африқо ва Ховари Миёна боз намуданд?
“Фиреби ҷаҳон…”
…Шаби охирини зиндагиаш “Шери Панҷшер” иттилоъ гирифт, ки Толибону “Ал–қойида” ногаҳон ба мавоқеи неруҳои таҳти раҳбарии Бисмиллоҳхон дар Парвон ҳамла карданд. Масъуд аз ин сӯи Ҳиндукуш ба сарварии амалиёт шурӯъ кард. То соати 12–и шаб Толибон ва “Ал–қойида” дур андохта шуданд ва талафоти зиёд ба ҷой гузоштанд. Амалиёт бо муваффақият анҷом ёфт.
Масъуд ва Масъуд Халилӣ, сафири Давлати исломии Афғонистон дар Ҳинд, ҳамзамон шоир ва олими маъруф ба Боғи Қозӣ Кабир Марзбон (фармондеҳи вулусволии Хоҷа Баҳоуддин), ки ҳам маҳалли фармондеҳии ҷабҳа ва ҳам ҷои будубоши Масъуд буд, рафтанд.
Масъуд бо Халилӣ, дӯсти қадимиаш субҳи 6 сентябр тамос гирифта, хоҳиш карда буд, ки оҷил аз Деҳлӣ худро ба Хоҷа Баҳоуддин расонад. Халилӣ 7 сентябр расид. Аз Масъуд сабаби ин аҷаларо пурсид. Фармондеҳ гуфт: “Чизи муҳиме нест. Мехостам туро аз наздик бубинам. Ман ҳам мисли дигарон ба дӯстонам зарурат дорам ва мехоҳам дар ҷамъи онон бошам…”
Тақрибан соатҳои яки шаб буд. Масъуд ба болин такя зад ва аз Халилӣ хост, ки “Девон”-и Ҳофизро боз кунад. Тоҷикон анъанае доранд, ки бо ғазалҳои ин шоири бузурги форсу тоҷик фол мебинанд. Кас бидуни интихоб ягон сафҳаи девонро боз мекунад ва он чиро ки пеш омад, мехонад. Халилӣ китобро боз кард ва ин байтро хонд:
Фиреби ҷаҳон қиссаи равшан аст,
Бубин, то чӣ зояд шаб обистан аст.
Шеър барои Масъуд на як шуғл, балки парвози руҳонӣ буд. Дар замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ (1979 – 1989) ва муқовимат алайҳи Толибону “Ал-қойида” (1996 – 2001) ҳатто дар сахттарин лаҳзаҳо ӯ шоиронро ҷамъ мекард ё худ китоби шеъреро ба даст мегирифт. Ба хондану тафсир кардан мепардохт. Гӯё мехост як ҳамнавоиеро миёни ваҳшатҳои ҷанг ва зебоии шеърҳо пайдо кунад. Гоҳо то субҳ бо хонишу тафсири ашъор менишаст.
Яке аз мавориди ҷолиберо рӯзноманигори эронӣ Муҳаммад Ҳусайн Ҷаъфариён, ки дар бораи Масъуд филми мустанади “Ҳамосаи нотамом”-ро ба навор гирифтааст, ба ёд меоварад. Ӯ қисса мекунад, ки як замон неруҳои Масъуд барои ишғоли фурудгоҳе (дар Хоҷа Ғори вилояти Тахор – м.) меҷангиданд ва ӯ аз теппаи наздиктарин амалиётро фармондеҳӣ мекард. Ҷаъфариён мегӯяд:
“Ман саҳнаҳоеро аз ин даргирӣ ба навор мегирифтам. Субҳи барвақт буд ва ӯ маро барои адои ғизои субҳ даъват кард. Мо вориди чодар шудем. Миёни мо баҳс сари шеър шурӯъ шуд. Ман дар даст ду китоби шеър доштам… Ӯ “шеъри сафед”–ро хуш надошт. Амалиёти хеле муҳим дар ҷараён буд. Фармондеҳон омада буданд, ки гузориш диҳанд, аммо Масъуд ба онҳо таваҷҷуҳе намекард ва баҳсро идома медод. Масъуд як мушовире ба номи Мулло Қурбон дошт. Ӯ наздик омад ва гуфт: “Бубахшед, Омир Соҳиб, ҳоло вақти амалиёт аст, на адабиёт”. Масъуд бадоҳатан посух дод: “Мулло соҳиб, ту маро пеши ин рӯзноманигори эронӣ беоб кардӣ. Ин ҳама амалиёт ба хотири ҳамин адабиёт аст…”
…Ба як ривояти дигар, шаби охирини худ фармондеҳ аз Масъуд Халилӣ мехоҳад, ки ин мисраъҳои Ҳофизи Шерозиро ба такрор бихонад:
Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,
Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиганам.
Чунин қафас на сазои чу ман хушилҳонест,
Равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам…
Якшанбеи охирин
Якшанбеи 9 сентябр ҳам омад. Аз рӯи нақли Ориф Сарварӣ, соати 10–и субҳ ӯ бо иттифоқи Халилӣ сари сиёсатҳои Амрико дар баробари Ҷабҳаи Муттаҳид ба баҳс нишаста буданд. Вай мегӯяд: “Мо ҳанӯз натиҷагириҳоямонро ба анҷом нарасонида будем, ки Омир Соҳиб вориди утоқ шуд ва рӯи кате, ки Халилӣ мехобид, нишаст. Ӯ аз Халилӣ пурсид: “Оё хабар дорӣ, ки як нафар аз раҳбарони Ҷабҳа бо ҳиндуҳо тамоси сареъ гирифтааст?” Сафир изҳори беиттилоӣ кард. Масъуд чизе нагуфт ва ба мо амр кард, бо ӯ биравем: ӯ бо арабҳо мусоҳиба дорад”.
Саид Нуруллоҳ Имод, узви Шӯрои олии ҳизби Ҷамъияти исломӣ, ки то зӯҳр дар ҳузури Масъуд буд, нақл мекунад, ки Осим ба хотири аъроб бо фармондеҳ бархӯрди хеле дағал дошт. Ӯ ҳатто даъвати Масъудро барои хӯрдани чой рад намуд. Имод мегӯяд, бархӯрди шадид ва вазъи Осим ғайриоддӣ буд ва қаҳри ӯро овард, аммо фармондеҳ ба ӯ бо табассум посух медод. Осим аз ӯ ба исрор талаб мекард: “Омир Соҳиб ё ин арабҳоро қабул кун, ё ҳидоят деҳ, ки онҳоро мураххас кунам!”
Фаҳим Даштӣ ба ёд меорад, ки Масъуд хеле Осимро дӯст дошт ва изтироби ӯ баёнгари он буд, ки арабҳо ҳар қадар тавонистаанд, ӯро таҳти фишор гирифтаанд, то аз ин ҳол ба сутӯҳ омада, кунтрули худро аз даст дода буд.
Масъуд ба ӯ ваъда дод, ки соати 12 арабҳоро қабул мекунад, ҳарчанд дар ин вақт як ҷаласаи муҳими фармондеҳон дар Дашти Қалъаи вилояти Тахор таъйин шуда буд. Дар ин ҷаласа бояд масоили сарнавиштсозе ба баррасӣ гирифта мешуданд. Он рӯзҳо, ба ҷуз артиши 30–ҳазораи “Ал-қойида”-ву Толибон дар соҳили руди Кӯкча, иттилое ҳам расида буд, ки аз марзи Покистон ба вилояти Бадахшони Афғонистон як артиши 6–ҳазорнафараи Толибон низ ҳамла хоҳад кард. Фармондеҳони Ҷабҳаи Муттаҳид бояд як барномаеро таҳия мекарданд. Ба назар мерасид, Толибон ва “Ал-қойида” бо кӯмаки Покистон мехоҳанд Ҷабҳаи Муттаҳидро ба муҳосира гиранд.
Аммо фармондеҳ таҳти таъсири Осим уфтод. Дилаш ба ӯ сӯхт. Баъдтар маълум шуд, ки хабари ҳамлаи 6 ҳазор толиб аз Покистон ҷузъе аз барномаи ҷанги иттилоотӣ алайҳи Масъуд буд. Душманонаш мехостанд дар миёни нерӯҳои ӯ бебандуборӣ ба вуҷуд оранд ва ҳам зеҳни ӯро машғул созанд.
Мусоҳиба бо арабҳо бояд дар толори Раёсати амният, ки Сарварӣ раҳбараш буд, сурат мегирифт. Сарварӣ мегӯяд, ӯ дар ҳузури Халилӣ ва Ҷамшед, ёвари фармондеҳ аз Масъуд хоҳиш кард, ки дар чунин марҳалаи ҳассос мусоҳиба бо арабҳо маслиҳат нест. Аммо фармондеҳ ба ҳарфи ӯ гӯш надод.
Фаҳим Даштӣ мегӯяд, ӯ ҳамроҳи Осим ва “хабарнигорон” вориди утоқ шуд ва дид, ки чор нафар – Масуд, Халилӣ, Сарварӣ ва Ҷамшед он ҷо аз қабл ҳузур ёфта буданд.
Масъуд Халилӣ мегӯяд, ӯву Масъуд нишаста буданд, ки “хабарнигорон” ворид шуданд. Бино ба нақли ӯ, Масъуд нишаста, тамошо мекард, ки арабҳо чӣ тур дастгоҳҳои худро барои “мусоҳиба” омода мекунанд. Дар тарафи рости ӯ Масъуд Халилӣ, баъд Осим Суҳайл ҷой гирифтанд.
Фаҳим Даштӣ ба ҷои Юсуф Ҷоннисор, наворбардори хоси Масъуд, ки пушти корҳояш дар Тоҷикистон қарор дошт ва наметавонист дар мусоҳиба ширкат кунад, омада буд. Даштӣ аз ақиби “хабарнигорон”–и араб ҷой гирифт ва камераашро фаъол карда, ба сабт кардан шуруъ намуд.
Араби “рӯзноманигор” аз тарафи чапи Масъуд дар фосилаи 25-30 сантиметр нишаст. “Наворбардор” камераашро дар фосилаи ҳудуди яку ним метр дар муқобили Масуд ҷой кард. Пас ӯ ба васли кардани ду қуттии хурде пардохт, ки ба батарии камера шабоҳат доштанд. Боз чанд батарии дигар даври камари ӯ баста шуда буд.
Дар оғоз Халилӣ аз арабҳо чанд суол кард. Ба суоли ӯ – “Шумо кадом расонаро намояндагӣ мекунед?”, “Карим” посух дод: “Ман рӯзноманигор нестам!” “Пас шумо кистед?”,-ин суоли дигар буд. Ва ҳам ҷавобаш: “Мо Маркази исломиеро намояндагӣ мекунем, ки дар Лондон, Порис ва дигар нуқоти ҷаҳон амал мекунад”. Халилӣ рӯ ба Масъуд карду гуфт: “Онҳо аз ҷониби дигаранд”. Ӯ Толибон ва “Ал-қойида”-ро дар назар дошт. Аммо фармондеҳ ба ӯ гуфт: “Гапе нест. Бигзор суолҳояшонро матраҳ кунанд”.
Масъуд одат дошт, ки дар оғоз ҳамаи суолҳоро бишнавад. Ба қавли Халилӣ, аз 15 суол тақрибан 8–9 суол дар бораи бин Лодан ва “Ал-қойида” буданд. Ба таври мисол, “чаро Шумо дар Порис Усома бин Лоданро қотил номидед?”, “Чаро дар Белгия Шумо гуфтед, ки бин Лодан мутаасиб аст?”, “Чаро Шумо ба ӯ намепайвандед?”, “Чаро Шумо бо ӯ мухолифат мекунед?”. Суолҳои ӯ ба фармондеҳ хуш намеомаданд, аммо ӯ хунсардона онҳоро мешунид.
Халилӣ ин замон ба “Қосим” – “наворбардор” муроҷиат кард, ки оё омода аст. “Қосим” табъи хуш дошт, табассум мекард. Халилӣ мегӯяд, то ба ҳол ҳеч чеҳра ва ҳам заҳрханди хоси як аккоси ӯро фаромӯш намекунад, ки гӯё мегуфт: “Ту хабар надорӣ, ки ҳоло хоҳӣ мурд!”
Масъуд ба Сарварӣ дастур дода буд, ки бо Бисмиллоҳхон дар ҷабҳаи шимоли Кобул тамос гирад. Иттилое ба даст омада буд, ки неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳид дар Парвон як гуруҳи зархаридони арабро боздошт кардаанд. Масъуд мехост ба олами араб аз Усома бин Лодан нақл кунад, ки дар Афғонистон ба чӣ ҷиноятҳое даст мезанад. Аммо натавонист…
Даштӣ мегӯяд, пушти “наворбардор” мавқеъ гирифт, то саҳнаро беҳтар сабт кунад:
“10–15 сония бо дурбини филмбардории худ машғул будам, ки як садо шунидам мисли таркидани тӯби футбол. Як нури зардро дидам. Ҳис кардам, ки дасту сурату пойҳоям месӯзанд…”
Даштӣ фикр кард, ки камераи ӯ мунфаҷир шудааст ва чун шиддати дардаш зиёд буд ва садое набарорад, ки ба мусоҳиба халал расонад, аз утоқ берун омад.
Халилӣ мегӯяд, ҳеч гуна садои муҳиберо нашунид, танҳо садое, ки шунид, гулдуруроси пасте буд, ки лаҳзае иттифоқ афтод. Ӯ ҳис кард, ки ҳама чӣ дар ӯ фурӯ менишинад. Ӯ садое бароварда наметавонист. Як лаҳза фикр кард, ки ба манзил ракета асобат кардааст. Медид, ки оташ аз ҳар сӯ ӯро ба оғӯш мегирад. Лаҳзае дигар аз дилаш ин фикр гузашт, ки бояд садо кунад, зеро мемирад. Ӯ пас аз як дақиқае, ки барояш соатҳо тӯл кашид, беҳуш шуд…
Аммо садои ваҳшатноки инфиҷор аз берун хуб шунида шуд. Бино ба як фарзияи дигар, ки аз қавли Ваҳидулло Сабовун, вазири молияи Давлати исломии Афғонистон оварда шудааст, “наворбардор” як–ду маротиба, ҳатто бо садои “Аллоҳу акбар!” римут контролро пахш кард, то бомбаро инфиҷор диҳад, аммо муваффақ нашуд. Он лаҳза Масъуд ба котибаш садо зад: “Осим! Ин чӣ мекунад?” Садои ӯро аз беруни дар муҳофизонаш низ мешунаванд. Ин иттифоқ ҳамон вақт уфтод, ки Халилӣ ба тарҷумаи суоли аввал – “Вазъи Афғонистон чӣ тур аст?” шурӯъ карда буд. Осим худро ба ҷониби камера мепартояд.
Дар утоқи мухобара гӯшӣ аз дасти Сарварӣ ба замин зад…
Дар Панҷшер ин лаҳза қошуқ аз дасти Аҳмади 12–сола, ягона писари “Шери Панҷшер”, ки бо чаҳор хоҳаракаш нони зӯҳр мехӯрд, афтод. Ӯ ба модаркалонаш гуфт: “Бо падарам чӣ иттифоқе афтод. Дилам мегӯяд…”
…Олим, муҳофиз ва Наҷиб, ронандаи Масъуд қабл аз ҳама вориди утоқ шуданд. Наҷиб мегӯяд, Масъуд бо садои паст гуфт: “Маро бардоред, ки захмӣ шудаам”. Дуди ғализ ҳамаро фаро гирифта буд. Бӯи равғани одам меомад. Масъуд рӯи курсии роҳат хобида буд. Ҷисми сӯхтаи Осим рӯи замин афтода, аъзои бадани “наворбардор” паҳну парешон афтода буд. Халилӣ рӯи замин мехобид. Ҳама чизи утоқ месӯхт.
Ин лаҳзаҳоро бо ҳамон камераи Масъуд Халилӣ ба навор гирифта буданд, аммо фарде, ки ин корро кардааст, то имрӯз маълум нест…
Сарварӣ зуд худро ба утоқ расонд. Муҳофизон ҷисми фармондеҳро мебардоштанд. Яке гуфт: “Зери курсии Омир Соҳиб мина гузошта будаанд!”
Олим ва дигар муҳофизони Масъуд рӯи хунафшони ӯро бо рӯймол пӯшиданд ва ба мошин бурданд. Даштӣ ҳам ба нишастгоҳи ахири мошин нишаст. Халилиро Ҷамшед ба мошини дигар савор кард. Сарварӣ бо халабони ҷабҳа Валиуллоҳ тамос гирифт ва фармон дод, ки чархболро фаъол кунад.
Дар роҳ ба фурудгоҳ Олим, ки сари фармондеҳро рӯи дастонаш медошт, бо лаҳне обистан аз гиря гуфт: “Набзаш намезанад, ба ризои Худо рафтааст!”. Сарварӣ гуфт: “Ҳарф назан! Тадовӣ мешавад!”. Аммо ба бовари Фаҳим Даштӣ фармондеҳ дар ҳамон лаҳзаҳои пас аз инфиҷор ҷон ба ҷонофарин супурда буд…
Пас аз 15 дақиқа чархбол ба сӯи Тоҷикистон парвоз кард…
…Сарварӣ ба Ситод баргашт. Он ҷо ошуфтагӣ ва сардаргумӣ ҳукм меронд. Афроди фармондеҳ Қозӣ Кабир ба ӯ ҷасади “рӯзноманигор”–и кушташударо нишон доданд. Пас аз инфиҷор ӯ аз тирезаи утоқ фирор карда буд. Сипас ӯро боздошт ва дар як хонаи хурди пешхидматҳо бандӣ карданд. Араб аз равзанаи хурди он берун омада, фирор мекунад. Муҷоҳидин ӯро дар лаби дарё дарёб карданд. Ӯ бо истифода аз тактикаи ҷанги тан ба тан силоҳи як муҷоҳидро ба даст овард, аммо аз сӯи муҷоҳиди дигар ба рагбор гирифта мешавад.
Аз рӯи фарзияи дигар, “Карим” ё Даҳман пас аз инфиҷор мехост силоҳи як муҷоҳидро гирифта, одамони бештарро ба ҳалокат расонад, аммо ин имконро ба ӯ надоданд ва ӯро куштанд. Ҳамин тавр, ягона шоҳиди ҳодиса, ки аз асли қазияи террури Масъуд хабар дошт, аз миён рафт ё бурда шуд.
Сарварӣ бо Доктор Абдулло дар Ҳинд ва Юнус Қонунӣ дар Панҷшер тамос гирифт. Ӯ ҳамаро итминони хотир дод, ки фармондеҳ ҷароҳати сабук бардошта, ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, то аз Масъуд Халилӣ, ки ҷароҳати вазнин бардоштааст, муроқибат кунад. Қосим Фаҳимро, ки дар ҷабҳаи Кулафгон, қисмати шарқии Тахор буд ва фармондеҳ Гадо Муҳаммад “Холид”–ро ба Хоҷа Баҳоуддин хонд. Ба онҳо низ асли қазияро нагуфт…
Дар Тоҷикистон тамоми кормандони Шифохонаи марказии шаҳри Кӯлобро ба по хезонданд. Ба онҳо гуфта шуд, ки як бемори муҳимро барои тадовӣ меоранд. Ҷарроҳ Файзулло Шарифов ба ёд меорад, ки ба назди ӯ аз Кумитаи амнияти Тоҷикистон омаданд ва фармуданд, ки тамоми дастгоҳҳои худро омода кунанд. Аммо пас аз чанд дақиқа боз занг заданд, ки кӯмаки шумо дигар лозим нест…
ИН МАТЛАБРО БО ЗАБОНИ РУСӢ БИХОНЕД